From Wikipedia, the free encyclopedia
Пешкор (форсӣ: پیشکار[1]), прокси-сервер (аз англ. proxy — «намоянда»), сервер-миёнарав — барномаи воситаии байни корбари дохилии шабака ва интернет аст, ки қобилиятҳои фаровоне дар ростои ҳифзи амният, назорати мудириятӣ, контроли корбарон ва сервисҳои захирасозӣ дорад. Прокси-сервер имкони эҷоди филтрҳои хосро барои амнияти бештар дар шабака фароҳам мекунад, қобилияти захирасозӣ, суръати дастёбӣ ба иттилоотро боло мебарад. Бо системҳои тасдиқи ҳувият ва тағйири ҳувият, зомини амният дар шабакаи дохилии созмон аст ва низ имкони сабти гузориши комили коркардашро дорад. Ҳамчунин қобилияти масдуд кардани муҳтавиёти осебрасон ва баррасии табаият аз қавонини барқароршуда дар шабакаро доро мебошад. Прокси-сервер имкони истифода аз аксар протоколҳои маҳаллиро фароҳам меовард ва имкони рамз кардани додаҳоро низ дорад. Проксиҳо анвоъи мухталифе доранд, ки ҳар як кори хоссеро анҷом медиҳад, ки аз он ҷумла метавон FTP, HTTP, SMTP ва DNS-ро ном бурд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.