Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он ходими давлатию сиёсӣ, дигар шахсон барои хидматҳои махсусан бузург дар назди халқи Тоҷикистон, пойдории сулҳ ва рушди давлатдории тоҷикон, барои хидматҳои махсусан муҳим дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ки ба баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, барои комёбиҳои бузурги соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму фарҳанг, рушди ҷомеа ва пешрафти иҷтимоӣ, барои хидматҳои беназир ва ватандӯстӣ сарфароз гардонида мешаванд[1].

Quick Facts Кишвар, Дараҷаи пойинтар ...
Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон
Lua error in Модул:Wikidata at line 376: attempt to call field 'load' (a nil value).
Lua error in Модул:Wikidata at line 376: attempt to call field 'load' (a nil value).
Кишвар Lua error in Модул:Wikidata at line 376: attempt to call field 'load' (a nil value).
Дараҷаи пойинтар Lua error in Модул:Wikidata at line 376: attempt to call field 'load' (a nil value).
Lua error in Модул:Wikidata at line 376: attempt to call field 'load' (a nil value).
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Lua error in Модул:Wikidata at line 376: attempt to call field 'load' (a nil value).
Close
Thumb
Thumb

Дараҷаҳо

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дорои дараҷаҳои зерин мебошад:

  • ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I;
  • ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II;
  • ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III.

Аз рӯи дараҷа ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:

  • роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансаби сиёсии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва ӯ чун қоида бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II мукофотонида шудаанд.

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.

Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:

  • роҳбарони вазорату идораҳо ва сафирони давлатҳои хориҷӣ;
  • роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
  • шахсе, ки мансаби сиёсии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III мукофотонида шудааст;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III мукофотонида шудаанд.

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III

Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.

Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:

  • шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хидмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
  • дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III ё ордени Дӯстӣ мукофотонида шудаанд.

Эзоҳ

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.