From Wikipedia, the free encyclopedia
Вулусволии Шикай (форсӣ: ولسوالی شِکی) — яке аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон аст.
Вулусволии Шикай | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Афғонистон |
Вилоят : | Бадахшон |
Марказ: | Ҷорф |
Замони таъсис : | 2005 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 880 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
Шумораи Рустоҳо : | |
Мардум | |
Аҳолӣ (2011) : | 27 000 кас |
Забони расмӣ : | Форсӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | Форсӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ, ҷаъфарӣ, исмоъилӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | SHK |
Код ISO : | AF.BDS.SHK |
Пешшумора : | |
Нишонии почта : | |
Замон : | UTC +4:30 |
Вебгоҳ : | .af |
Коди худравҳо : |
Маркази вулусволии Шикай рустои Ҷорф аст.
Вулусволии Шикай дар дараи рӯди Панҷ ва риштакӯҳи Сафедхирс ҷой дорад. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияи Дарвоз аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шарқ — бо вулусволии Дарвози Поин ва дар ҷануб — бо вулусволии Кӯфоб аз вулусволиҳои вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.
Вулусволии Шикай 880 км кв масоҳат дорад.
Мардуми Дарвоз ба гӯиши дарвозии забони форсӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони форсии садаҳои IX - XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Дарвоз дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои помирӣ будааст, аммо дар садаҳои IX — XIV дарвозиён форсизабон гаштанд.
Ин вулусволӣ дар соли 2005 аз вулусволии Дарвоз ҷудо карда шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.