Куштӣ (варзиш)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Куштӣ (форсӣ: کشتی [koštī] < порсии миёна: kustīg «камарбанд» < порсии миёна: kust «паҳлӯ; сӯ; канор; бар»[1][2]) ё куштигирӣ — гунае варзиш, зӯрозмоии ду паҳлавон, ки аз камарбанди якдигар гиранду кӯшиш кунанд ҳамдигаррро ба пушт бар замин бизананд[3].
Эҳтимолан дар даврони Пешдодҳo дар ҷангҳои танбатани тоҷикон ин навъи варзиш пайдо шудааст.[4][5][6]