![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/d/d5/Confucius%252C_fresco_from_a_Western_Han_tomb_of_Dongping_County%252C_Shandong_province%252C_China.jpg/640px-Confucius%252C_fresco_from_a_Western_Han_tomb_of_Dongping_County%252C_Shandong_province%252C_China.jpg&w=640&q=50)
Конфутсий
From Wikipedia, the free encyclopedia
Конфутсий ё Конфусиус (лотинӣ) — (551 - 479 пеш аз мелод), мутафаккир ва файласуфи чиноӣ мебошад, ки кору эҷодиёташ ба фикрронӣ ва ҳаёти чиноиён, куриёгиён, ҷопониён ва ветнамиён таъсири чуқур расонидааст. Конфутсий, яке аз мутафаккирони бузурги давраи қадим, рамзи Чин, маданияту андешаҳои фалсафии ин кишвар ва ҳам нахустустоди ҳамаи чиниҳо ба шумор меравад. Дар тӯли садсолаҳо даҳҳо миллиард ниёгони аҳолии Чин ва ҳамсояҳои он - ҷопонҳо, куриёиҳо, ветнамиҳо - хотираи ӯро ҳамчун устоди зиндагӣ пос дошта омадаанд. Барои тамаддуни Шарқи Дур Конфутсий ба мисли Исои Масеҳ барои насрониҳою Муҳаммад (с) барои мусалмонҳост. Таълимоти ӯ ба таҳкурсии асосии сохти давлатдории Чини бузург табдил ёфта буд.
Quick Facts Конфутсий (Конфусиус), Ном ҳангоми таваллуд ...
孔夫子 | |
![]() | |
Ном ҳангоми таваллуд | Кун Цю |
Таърихи таваллуд | тақрибан 551 то м.[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 479 то м.[2][1] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | файласуф, омӯзгор, нависанда |
Падар | Shu-liang He[d] |
Модар | Yan Zhengzai[d] |
Завҷа | Qiguan Shi[d] |
Фарзанд | Kong Li[d] |
![]() |
Close
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/2/2d/Confucius_02.png)