Конгресси ИМА (англ. the Congress of the United States) - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар назди Ҳукумати Федералии ИМА. Конгресс аз ду палата (маҷлис): Сенат ва Палатаи намояндагон иборат аст. Ҷойи кории Конгресси Амрико дар Капитолии (Capitol Hill) шаҳри Вашингтон аст. Ҷаласаи Конгресси Амрико мувофиқи Коститутсияи ИМА дар 1 сол як маротиба (баъд аз ворид намудани тағйироти соли 1933) ибтидои моҳи январ баргузор мегардад.

Thumb
Ҷаласаи Конгресс дар Палатаи Намояндагон 28 январи соли 2003

Сохтор

  • Палатаи намояндагон аз 435 вакил иборат аст. Вакилон намояндагони ҳавзаҳои интихобкунандагон мебошанд, ки дар 2 сол як маротиба интихоб мешаванд. Ҷойҳо дар Палатаи намояндагон аз рӯйи шумораи интихобкунандагони Иёлот (Штат) муайян шудаанд. Бо чунин тартибот ҳуқуқи интихобкунандагони ИМА ва иштироки шаҳрвандон дар ҳокимят муайян шудааст.
  • Сенат 100 вакилро дарбар мегирад, ки муҳлати шаш сол кор мекунанд. Новобаста аз шумораи аҳолӣ ҳар як Иёлот (Штат) 2 сенаторро ба Конгресс пешбарӣ мекунад. Як маротиба дар ду сол сеяки ҳайати Сенат дар тариқи ротатсия аз нав интихоб мешаванд. Намояндагии баробари иёлотҳо ҳамин тарз риоя карда мешавад.

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.