Забони савоҳилӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Забони савоҳилӣ (савоҳилӣ Kiswahili) — забонест, ки ба он дар Африқои Шарқӣ ба тари густарда ҳарф мезананд. Ин яке аз забонҳои Банту мебошад. Бо забони савоҳилӣ дар шимолӣ Сумолӣ ва ҷануби Музомбик ба таври густарда ҳарф мезананд. Ин забон барои ҳудуди 5 миллиюн нафар забони аввал ва барои ҳудуди 50 милиюн нафар забони дувум аст. Савоҳилӣ як забони миёнҷӣ дар минтақаи Африқои Шарқӣ мебошад. Забони савоҳилӣ аз Зангибор, дар ҷазираи Тонзониё пайдо шудааст. Забони савоҳилӣ дар Тонзониё ва Кениё расмият дорад. Он бо бисёр забонҳо, аз ҷумла бо забони арабӣ омехта шудааст. Номи ин забон аз вожаи арабии "соҳил" (ساحل) ва шакли ҷамъи он "савоҳил" (سواحل) омадааст, зеро ин забон дар савоҳили шарқии Африқо ба вуҷуд омад ва истифода мешавад. Дар поён аз забони свахилӣ мисолҳо оварда шудааст.