![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/01/Flag_of_Guinea-Bissau.svg/langtg-640px-Flag_of_Guinea-Bissau.svg.png&w=640&q=50)
Гвинея-Бисау
From Wikipedia, the free encyclopedia
Гвине́я-Биса́у (португалӣ: Guiné-Bissau), номи расмӣ — Ҷумҳурии Гвине́я-Биса́у (португалӣ: República da Guiné-Bissau [ʁɛˈpublikɐ dɐ ɡiˈnɛ biˈsau]) — кишварест дар Африқои Ғарбӣ. Ҷазираи Болама ва галаҷазираи Бижагошро низ дар бар мегирад. Аз 1 январи 1973 «иёлати мухтори» Португалия буд. Аз 24 сентябри 1973 — давлати соҳибихтиёр. Дар ҷанубу шарқ бо Гвинея (386 км), дар шимол бо Сенегал (338 км) ҳамсарҳад аст. Дарозии роҳҳои хушкигардаш 724 км. Дар ғарб ба уқёнуси Атлантик баромад дорад. Тӯли хатти соҳилиаш 350 км. Масоҳаташ 36,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 1,7 млн нафар (2014). Пойтахташ — шаҳри Бисау. Аз 8 округ ва округи шаҳрӣ иборат аст. Иди давлатӣ — Рӯзи эълони истиқлол (24 сентябр, аз 1973). Воҳиди пул — франки Конфедератсияи Африқо (аз 1997).
![]() | ![]() |
![]() | |
Шиор: «Unidade, Luta, Progresso (Ваҳдат, Мубориза, Тараққиёт)» | |
Суруди миллӣ: «Esta é a Nossa Pátria Bem Amada | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Португалия) |
Забони расмӣ | забони португалӣ |
Пойтахт | Бисау |
Шаҳри калонтарин | Бисау |
Идораи давлат | Ҷумҳурии президентӣ |
Президент Сарвазир | Жоао Бернардо Виейра (João Bernardo Vieira) Аристидиш Гомеш (Aristides Gomes) |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 133-ум ҷой дар ҷaҳон 36 120 км² 12 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2005) • Зичӣ | 149-ум ҷой дар ҷaҳон 1 416 027 101 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2004) • Ба сари аҳолӣ | 169-ум ҷой дар ҷaҳон 1 114 млн. $ 169 $ |
Пули миллӣ | Франк КФА (XAF) |
Интернет-Домен | .gw |
Коди телефон | +245 |
Соат | UTC 0 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |