Мурургари веб
From Wikipedia, the free encyclopedia
Мурургари веб ё мурургари интернетӣ (англ. browser – варақ задан, дидан, хондан) — ба нармафзорҳои корбурдӣ гуфта мешавад, ки барои дарёфт, намоиш ва мурури иттилоот аз веби ҷаҳонгустар мавриди истифода қарор мегирад. Ё манбаъи иттилоот бо як шиносогари якнавохти манбаъ шинохта мешавад. Ин манбаъ метавонад як сафҳаи веб, тасвир, видео ва ё ҳар қитъаи иттилооти дигаре бошад.
Ҳар ҷанд мурургарҳо барои дастрасӣ ба веби ҷаҳонгустар тарроҳӣ шудаанд, аммо аз онҳо метавон барои дастрасӣ ба иттилооти серверҳои веб дар шабакаҳои хусусӣ ва ё парвандаҳои дар системҳои парванда истифода кард. Мурургарҳо метавонад шуморо ба фазои маҷозӣ мутасил кунанд. Агар шумо бихоҳед аз ҳар гушаи гетӣ ба фазои интернетӣ даст ёбед ба як мурургари веб хуб ва корбурдӣ доред[1].