Бозиҳои Осиё — мусобиқаҳои варзишие, ки ҳар чор сол байни варзишгарони давлатҳои Осиё аз соли 1951 гузаронида мешаванд. Бозиҳо аз тарафи Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ идора карда мешаванд. Дар ҳар намуди варзиш медалҳо тақсим мешаванд: тилоӣ барои ҷои яккум, нуқрагӣ барои ҷои дуюм ва биринҷӣ барои ҷои сеюм.

Мусобиқа аз тарафи Кумитаи Миллии Олимпии далате, ки бозиҳоро мегузаронад, кушода мешавад. Парчами давлатӣ ва суруди миллӣ ҳангоми мукофонидани варзишгарон ба онҳо ҳамроҳи менамоянд. Барои нишон додани сатҳи рушд, ҷадвалҳо истифода мешаванд, ки он миқдори медалҳое, ки ҳар як давлат соҳиби он гаштааст, нишон медиҳад. Дар мусобиқаҳо танҳо давлатҳои шинохташуда иштирок менамоянд, вале базеъ давлатҳое, ки истиқлол надоранд, низ иштирок мекунанд (барои мисол Тайван, ки ҳамчун Тайбейи Чини иштирок менамояд).

Шонздаҳум бозиҳои тобистона дар Гуанҷоу, Чин аз 12-ум то 27 ноябр гузаронида шуданд.

Хабдахум бозиҳои тобистонаи осиёи дар шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Кореяи Чануби гузашт

Таърих

Бозиҳои Шарқи дур

Бозиҳои Осиё аз мусобиқаҳои варзишии хурд пайдо гаштаанд. Бозиҳои Шарқи дур барои намоиши ягонагӣ ва ҳамкории се давлат - Аморати Ҷопон, Филиппин ва Ҷумҳурии Чин соли 1913 ташкил гардида буд. Дигар давлатҳои Осиё дертар ҳамроҳ шуданд. Бозиҳо соли 1938, ҳангоми ҳамлаи Ҷопон ба Чин ва дигар давлатҳои минтақаи океани Ором қаът гардиданд.

Пайдошавии Бозиҳои Осиё

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон чанде аз давлатҳои Осиё соҳибистиқлол гаштанд. Бархе аз онҳо ибрози ташкил намудани мусабиқаҳои нав, баҳри мустаҳкам намудани ҳамдигарфаҳми, намуданд. Моҳи августи соли 1948 дар рафти чордаҳум Бозиҳои Олимпӣ дар Лондон, Кумитаи Олимпии Ҳиндустон ба роҳбарони дастаҳои варзишгарони Осиё пешниҳод намуд, ки имконияти гузаронидани Бозиҳои Осиёро муҳокима кунанд. Дар натиҷа барои таъсиси "Федератсияи Варзишии Осиё" ҳамаашон розигии худро доданд. Моҳи феврали соли 1949 ба таври расмӣ "Федератсияи Бозиҳои Осиё" ташкил гашт. Бозиҳои аввали Осиё дар Ню-Деҳли баргузор гаштанд.

Дигаргун гаштани Федератсия

Соли 1962 масъалаи қабули Тайван ва Исроил дар Федератсия ихтилоф андохт. Индонезия, ки соҳиби гузаронидани бозиҳо буд, зиди қабули ин давлатҳо баромад кард. Соли 1970 Кореяи Ҷанубӣ бозиҳоро, аз сабаби таъдиди Кореяи Шимолӣ, гузаронида натавонист ва бозиҳоро дар Бангкок, пойтахти Тайланд аз ҳисоби молиявии кореягӣ гузарониданд. Соли 1973 мухолифат, бо сабаби аз тарафи ИМА ва бархе аз давлатҳо ба таври расмӣ шинохтани Тайван ва мухолифини миллии араб дар Исроил, шуд. Соли 1977 Покистон аз сабаби ҷанг бо Бангладеш ва Ҳиндустон, бозиҳоро гузаронида натавонист. Бозиҳо боз ба Бангкок гузаронида шуданд.

Пас аз ҳамин ҳодисаҳо Кумитаҳои Миллии Олимпии давлатҳои Осиё ба хулоса омаданд, ки низомномаи Федератсияи Бозиҳои Осиёро тағир диҳанд. Шӯрои Олимпии Осиё барпо гашт. Ҳамин Шӯро аз соли 1986 бозиҳоро назорат мекунад.

Тайван ба федератсия қабул шуд, вале Шӯро онро, мувофиқи меёрҳои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, "Чин (Тайбей)" меномад. Исроил аз федератсия берун карда шуд ва ба мусобиқаҳои аврупои ҳамроҳ шуд.

Васеъшавӣ

Ба бозиҳои 1994, новобаста аз зид будани баъзе давлатҳои Шӯро, ҷумҳуриҳои пештараи шӯравӣ: Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон даъват гаштанд.

Соли 2006 ба Австралия барои ба Шӯро аъзошавӣ раъд карданд.

Соли 2010 дар Бозиҳои Осиё бори аввал крикет пешбари гашт.

Рӯйхати Бозиҳои тобистонаи Осиё

More information Сол, Бозиҳои тобистона ...
Сол Бозиҳои тобистона Шаҳр Давлат
1951 I Ню-Дели Ҳиндустон Парчами Ҳиндустон
1954 II Манила Филиппин Парчами Филиппин
1958 III Токио Ҷопон
1962 IV Ҷакарта Индонезия Парчами Индонезия
1966 V Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
1970 VI 1 Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
1974 VII Теҳрон Эрон Парчами Эрон
1978 VIII ² Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
1982 IX Ню-Деҳли Ҳиндустон Парчами Ҳиндустон
1986 X Сеул Кореяи Ҷанубӣ Парчами Кореяи Ҷанубӣ
1990 XI Пекин Чин Парчами Чин
1994 XII Хиросима Ҷопон
1998 XIII Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
2002 XIV Пусан Кореяи Ҷанубӣ Парчами Кореяи Ҷанубӣ
2006 XV Доха Қатар Парчами Қатар
2010 XVI Гуанҷоу Чин Парчами Чин
2014 XVII Инчхон Кореяи Ҷанубӣ Парчами Кореяи Ҷанубӣ
Close

1 Бояд дар Кореяи Ҷанубӣ мегузашт Парчами Кореяи Ҷанубӣ
² Бояд дар Покистон мегузашт Парчами Покистон

Рӯйхати намудҳои варзиш

Инҷо рӯйхати намудҳои варзиш ва соле, ки он да Бозиҳои Осиё пешбарӣ гаштаанд.

  • Заврақронии академӣ — аз соли 1982
  • Дзюдо — аз соли 1986
  • Кабадди — аз соли 1990
  • Заврақрони дар байдарка ва каноэ — аз соли 1990
  • Карате — с 1994 г.
  • Саққозанӣ — аз соли 1998
  • Варзиши аспӣ — аз солҳои 1982—1986, 1994
  • Софт-теннис — аз соли 1994
  • Тенниси мизӣ — аз солҳои 1958—1966, 1974
  • Варзиши бодбондор — аз соли 1970, 1978
  • Саббоҳӣ — доимо
  • Варзиши вазнин — аз солҳои 1951—1958, 1966
  • Регби-7 — аз соли 1998
  • Сепак такро — с 1990 г.
  • Сквош — с 1998 г.
  • Панҷҳарбаи ҳозиравӣ — аз соли 1994, 2002
  • Софтбол — аз соли 1990
  • Рақсҳои варзишӣ — аз соли 2010
  • Тирандозӣ — аз соли 1954
  • Камонварӣ — аз соли 1978
  • Теннис — аз солҳои 1958—1966, 1974
  • Триатлон — аз соли 2006
  • Тэквондо — аз соли 1986
  • Ушу — аз соли 1990
  • Шамшерзанӣ — аз солҳои 1974—1978, 1986
  • Футбол — доимо
  • Чавгонбозӣ — аз соли 1958
  • Шоҳмот — аз соли 2006

Дигар Бозиҳои Осиё

Ғайр аз Бозиҳои Осиё, ки аслан тобистонаанд, боз дигар бозиҳои осиёгӣ ҳастанд: Бозиҳои зимистонаи Осиё (аз соли 1986), Бозиҳои Осиё дар биноҳо (аз соли 2005 солҳои тоқ), Бозиҳои соҳилии Осиё (аз соли 2008 солҳои ҷуфт) ва минтақавӣ (Осиё Марказӣ, Шарқи, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ).

Шаблон:Бозиҳои Осиё Шаблон:Намудҳои варзиш дар Бозиҳои Осиё

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.