From Wikipedia, the free encyclopedia
Шиъа, шиа (ар. الشيعة; [шӣ‘а] — пайрав, тарафдор) — дуввумин мазҳаби пайравони дини ислом. Вожаи шиъа шакли мухтасари «шиъаи Алӣ» яъне пайрав ё ҳизби Алӣ ибни Абутолиб, нахустин имоми шиъаён мебошад. Шиъаён байни 5 % то 10 % аз кулли ҷамоати мусалмонони ҷаҳон ва 38%-и ҷамъияти мусалмонони Ховари Миёнаро ташкил медаҳанд[1].
Бино ба арзёбиҳои мухталиф, шиаён аз 10 % то 20%-и шумораи умумии мусалмононро ташкил медиҳанд[2][3][4][5]. Дар замони муосир ҷамоатҳои шиъа дар қитъаҳои Аврупову Амрико ва аксарияти мамолики мусалмон мавҷуд аст. Мусулмонони шиъа аксари аҳолиро дар Эрон, Озарбойҷон, Ироқ ва Баҳрайн[6] ташкил медиҳанд. Ба мазҳаби шиъа тахминан аз 27 %[7] то 35 %[8] аҳолии Лубнон; то 30 % в Кувайт эътиқод доранд[9].
Дар Афғонистон шиъаён 15 % то 19 % аҳолии кишварро[10][9] ташкил медиҳанд. Дар Арабистони Саудӣ бошад 15%-и ин мамлакат пайрави аҳли шиъа мебошанд[11]. Дар Покистон ҳам каме (тахминан 3 %) аз мардуми ин ин кишвар пайрави шиъа мебошанд.
Дар Тоҷикистон аксари мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — помириҳо (ба ҷуз язгуломиҳо) аз равияи исмоилии шиъа пайравӣ мекунанд.
Таҳлилгарони шиъашинос тахмин мезананд, ки дар ҷаҳон андар 200 миллион тан мусалмонони шиъа аст.
Шиа дар луғат ба маънои пайрав ва тарафдор ва дар истилоҳи фирқашиносии динӣ ҷараёни сиёсӣ-диние аст, ки дар авохири давраи хилофати рошидаи ислом ва ба таври дақиқ пас аз шаҳодати халифаи чаҳорум Алӣ ибни Абутолиб бо шиори тарафдори аз Алӣ ва фарзандонаш — аҳли байт ва дар эътироз ба хатти машйи динӣ ва сиёсати исломии оммаи мусулмонон ба вуҷуд омад. Пас аз вафоти расули Худо (с) мусулмонон тайи як нишасти машваратие дар Сақифаи Банӣ Соъида Абубакри Сиддиқро ба роҳбарии уммати ислом ва ҷойнишинии расули акрам (с) баргузиданд, ки Алӣ, Аббос, Зубайр ва чанд тани дигар аз саҳобагон дар он ҳузур надоштанд.
Пас аз байъати умумии мардум Абубакр байъати худро ба Алӣ ва ҳамроҳонаш пешниҳод кард. Алӣ ба Абубакр — халифаи тозаинтихоб ҳамин қадар эътироз овард, ки: Ман худро бинобар қаробате, ки ба расули Худо (с) доштам, барои ин кор авло медонистам. Вале афзалияти мутлақи Абубакр бар ҳамаи саҳобагон воқеияти бебаҳс буд ва Алӣ низ ба ин воқеият эътироф дошт. Аз сӯи дигар, ин дидгоҳи шахсии Алӣ буд, ки танҳо бо доштани қаробати расули Худо (с) бояд кори хилофат ба вай вогузор мегашт ва он ҳам ба тариқи шӯро ва интихоби аксарияти мутлақи саҳобагон.
Дар ҳеч санади таърихӣ ва ривояти муътамади диние наёмадааст, ки Алӣ ғайр аз назари фавқ эътирози дигаре бо бақияи саҳобагон дошта ё худро ягона васӣ ва сарвари мусулмонон ва хилофатро ҳаққи илоҳии худ ва фарзанонаш дониста ва ё худро таъйиншуда аз ҷониби Худо ва ба василаи паёмбари акрам (с) гуфта бошад, балки асноди саҳеҳи таърихӣ собит месозанд, ки вай ҳукми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро ягона роҳи интихоби халифа медонист, аз ҷумла дар номае ба Муъовия мефармояд:
«Шӯро ва интихоби халифа ҳаққи муҳоҷирон ва ансор аст. Вақте онҳо дар атрофи марде гирд омаданд ва ӯро имоми худ номиданд, бешак, ризои Худо низ дар он (интихоби онҳо) мебошад. Дигар одами шоҳид ва ҳозир ҳаққи ихтиёр ва ғоиб ҳаққи рад карданро надорад»[12].
Бинобар ин, ҳамон гуна ки дар ривоятҳои саҳеҳ омадааст, вақте хабари байъати Абубакрро шунид, ҳукми шӯро ва раъйи аксарияти саҳобагонро шаръан мавриди эътибор донист ва дар ҳамон рӯзҳои аввал ба байъати ӯ шитофт ва дар нахустин задухӯрди лашкари Ислом бо баргаштагон, ки дар мавзеъе бо номи Зилқисса сурат гирифт, дар рикоби Абубакр — халифаи тозаинтихоби мусулмонон қарор дошт. Ин воқеа дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҳанӯз як-ду ҳафтае аз хилофати Абубакр нагузашта буд[13]. Дигар то замони ба шаҳодат расидани Алӣ дар миёни уммати ислом ҳеч ихтилофи эътиқодӣ ва дудастагие дида намешуд ва онҳо чунин мафҳумҳо ва тақсимотеро бо номи тарафдорон ва шиаёни Алӣ, ки аз дигар мусулмонон бо андешаҳо ва эътиқодоти хоссе тафовут дошта бошанд, намедонистанд, балки мусулмонон дар ваҳдати умумӣ ба сар мебурданд ва хулафо кафили ҳифзи ваҳдат ва таъмини якпорчагии ҷомеа буданд. Худи ҳазрат Алӣ ва фарзандонаш ба чунин фирқагароии эътиқодӣ ва парокандагии фикрӣ ва иҷтимоӣ дар байни мусулмонон комилан мухолиф буданд ва бар зидди чунин андешаҳои ифротӣ ва гароишоти харобиовар ба шиддат мубориза мебурданд.
Аз сӯйи дигар, оммаи мардуми мусулмон Алӣ ва фарзандонашро ба мисли дигар саҳобагони расули Худо (р) ва ҳатто бештар аз онҳо дӯст медоштанд ва пас аз кушта шудани халифаи сеюм Усмон ибни Аффон Алӣ ва фарзандаш Ҳасанро ба хилофат баргузиданд. Дар ривоятҳои саҳеҳи таърихӣ омадааст, ки ҳатто дар замоне ки байни Алӣ ва Муъовия ҷангҳо идома доштанд, тамоми мардуми мусулмон бо шумули мардуми Шом, ки тарафдорон ва ҳомиёни Муъовияро ташкил медоданд, ӯро амир Муъовия мегуфтанд ва танҳо Алиро халифа медонистанд ва танҳо пас аз кушта шудани Алӣ ва танозули имом Ҳасан аз хилофат ба Муъовия халифа гуфта шуд.
Дар замони хилофати Алӣ вазъи сиёсии ҷаҳони ислом хеле ошуфта, тамоюлоти носолими фикрӣ ва андешаҳои ифротии эътиқодӣ ба хусус дар байни мардуми Ироқ шиддат гирифт ва Алӣ ночор маркази хилофатро аз Мадина ба Куфа интиқол дод. Дар чунин вазъи ошуфтаи фикрӣ ва сиёсӣ пас аз шаҳодати Алӣ дар сарзамини Ироқ фирқаи диние бо номи шиа бо андешаҳо, низоми эътиқодӣ ва бардоштҳои хоссе аз сарчашмаҳои шаръ зуҳур кард ва то имрӯз идома дорад.
Дар пайдоиш ва ташаккули андешаҳои динӣ ва сиёсии шиа аз ҳама бештар ҳамон одамоне нақш доштанд, ки Алӣ то охир натавонист онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Илова бар ин, се чизи дигар низ аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳо дар пайдоиш ва ташаккули фирқаи шиа ба шумор мераванд. Иноятуллоҳ Иблоғ онҳоро дар китоби «Имоми Аъзам Абуҳанифа ва афкори ӯ» зикр кардааст.
Тафовути ҷавҳарие, ки дар бардоштҳои динии шиа бо аҳли суннат вуҷуд дорад, дар асли ба гумонашон динии имомат аст. Ба ақидаи онҳо дине, ки барои ба танзим даровардани зиндагонии мардум фиристода шудааст, намешавад ҳифзи арзишҳои олӣ ва татбиқи аҳкоми он ба шахсе вогузор гардад, ки ба иродаи мардум интихоб мегардад ва паёмбаре, ки барои иршоди ҷомеаи башарӣ фиристода шудааст, зимоми онро пас аз худ ба дасти одамоне супорад, ки ба василаи мардум интихоб мегарданд. Ин кор ба ҳастӣ ва бақои дин тааллуқ дорад ва бояд имом, ки ҷойнишин ва идомадиҳандаи кори паёмбар (с) аст, аз ҷониби Худо ва ба василаи паёмбар (с) таъйин гардад. Пас имомати Алӣ ва ёздаҳ нафари дигар аз хонадони ӯ аз ҷониби Худо бо ҳукми Қуръон ва ба василаи паёмбар (с) муайян гардидааст ва хулафои пеш аз Алӣ ин ҳаққи илоҳии имом Алӣ ва фарзандонашро ғасб намуда, онҳоро ба ноҳақ аз хилофат канор гузоштанд.
Бинобар ин, баъзе шиаёни тундрав саҳобагон ва мусалмононеро, ки се халифаи қаблиро интихоб намудаанд, гумроҳ ва золим медонанд, зеро онҳо ба ақидаи шиаён асли шаръии имомат ва васияти паёмбар (с)-ро дар бораи онҳо инкор намуд ва имомонро аз ҳаққашон маҳрум сохтанд. Баъзе аз онҳо аз ин ҳам фаротар рафта, се халифаи пеш аз Алӣ ва мусалмононеро, ки онҳоро ба хилофат интихоб кардаанд, нафрин менамоянд ва муртад ва аз дин баргашта медонанд.
Вале аз он ҷо ки чунин асле дар таълимоти ислом вуҷуд надошт ва дар Қуръони карим барои имомати Алӣ ва ҳар каси дигаре пас аз паёмбар (с) чизе наомадааст, онҳо ба таъвили баъзе оятҳо маҷбур шуданд ва аз Қуръон усул ва аҳкоме берун оварданд, ки ба ҳадафҳо ва усули собити ислом ҳеч гуна созгорие надоранд.
Дар фароянди ин андеша шиаён вақте ба ҷуз Алӣ ва чанд нафар тарафдори ӯ саҳобагони дигарро ғосиб ва золим донистанд, суннати расули Худо (с)-ро низ, ки аз тариқии ҳамин саҳобагони киром ҳифз, ривоят ва ба наслҳои баъдии уммат таҳвил дода шудааст, инкор намуданд. Онҳо танҳо ҳамон ислом ва ривоятҳои диниеро қабул доранд, ки аз тариқи имомони маъсумашон ба онҳо расидаанд.
Баъзе ғулот — пайравони ифротии шиа Қуръонро низ таҳрифшуда медонанд, зеро он низ аз тариқи ҳамин саҳобагон ва пас аз онҳо қориён ва силсиласанадҳое ривоят шудааст, ки ҳама аз аҳли суннат мебошанд. Аммо аксари онҳо ин Қуръонро қабул доранд ва онро каломи барҳаққи Худо мешуморанд.
Шиа дар баъзе аҳкоми амалии шариат низ, ба монанди никоҳи мутъа ва муваққат, ки ба забони имрӯзаи онҳо сиға номида мешавад ва хумс — навъи молиёте, ки аз назари онҳо ба даромадҳои молии мардум тааллуқ мегирад, бо аҳли суннат фарқ мекунанд. Никоҳи мутъа — сиға назди шиа дуруст ва то рӯзи қиёмат ҳалол медонанд, дар ҳоле ки аз дидгоҳи аҳли суннат ин гуна лаззатҷӯиҳои гузаро бо ҳадафҳои олии ислом дар бунёди хонавода мухолиф дониста шуда, шаръан мамнӯъ ба ҳисоб меояд. Хумси молиёт, ки назди шиа маъмул аст, аз дидгоҳи аҳли суннат умуман, ба файъ, ғаниматҳои ҷангӣ ва ҳар чизе, ки ҳукми ғаниматро дар худ дошта бошад, мутааллиқ мебошад.
Шиа дар дохили худ равияҳои гуногуне дорад, ки баъзеҳо дар эътиқодоти худ муътадил ва баъзеҳо бисёр тунду ифротӣ мебошанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.