Аракс (форсӣ: ارس, тур. Aras, озарбойҷонӣ: Araz), Аракс (арманӣ. Արաքս[1] (Arakʿs)) — рӯд дар Туркия, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон, шохоби рост ва бузургтарини рӯди Кура.
• Координатаҳо | [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]] |
---|---|
Мавқеъ | |
Дарозиаш 1072 км, масоҳати ҳавзааш 100 ҳазор км². Аракс аз нишебии қаторкӯҳҳои Бингёл (дар Туркия) сар шуда, қад-қади сарҳади давлатии Арманистон ва Озарбойҷон ҷорӣ аст. Болообаш водии тангу чуқур, ҷараёни миёнааш ҳамвории Арарат ва поёнобаш ҳамвориҳои Мил ва Муғонро бурида мегузарад. Манбаи Аракс бештар обҳои зеризаминӣ ва барф мебошад. Давраи пуробиаш март — июн. Дар мавсими боронгарӣ (ноябр, дек.) обхезӣ мешавад. Сарфи миёнаи об дар поёнобаш 205 м³/с. Дар як сол 7,6 км³ об ҷорӣ шуда, 16 млн тонна обовард меорад. Шохобҳои калонаш: аз чап — Ахурян, Раздан, Арпа, Воротан (Баргушод); аз рост — Котур, Қаросу. Дар Аракс обанбор ва НБО ҳаст. Обаш асосан барои обёрӣ истифода мешавад.
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.