Бемориҳои сироятӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Бемориҳои сироятӣ — касалиҳое, ки зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразит ва содатаринҳои бемориовар ба вуҷуд меоянд. Мавҷудоти сироятовар ба организм ба воситаи ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пешоброҳа, пӯст ва ғайра дохил шуда, афзоиш меёбанд ва фаъолияти онро халалдор месозанд.