Албания
From Wikipedia, the free encyclopedia
Алба́ния (албанӣ: Shqipëria), номи пурраи расмӣ — Ҷумҳу́рии Алба́ния (албанӣ: Republika e Shqipërisë [ɾɛpuˈblika ɛ ʃcipəˈɾiːs]) — давлат дар Аврупо, дар қисми ғарбии нимҷазираи Балкан ва қисми ҷанубии Аврупо. Албания дар шимолу шарқ бо Косово ва Сербия, дар шимолу ғарб бо Черногория, дар шарқ бо Мақдунияи Шимолӣ, дар ҷанубу шарқ бо Юнон ҳамсарҳад буда, соҳилҳои қисми ғарбӣ ва ҷан. ғарбии онро баҳрҳои Адриатика ва Ион фаро гирифтаанд. Масоҳаташ 28748 км2. Аҳолиаш 3,64 млн нафар (июли 2009). Пойтахташ – шаҳри Тирана (360 ҳазор нафар). Шаҳрҳои калонтарин – Дуррес, Элбасан, Шкодер. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 12 ретӣ (вилоят) ва 36 округ тақсим шудааст. Воҳиди пулӣ – лек.
Quick Facts
Шиор: «Ti, Shqipëri, më jep nder, më jep emrin Shqiptar Ту эй Албания ба ман бузургворӣ бахш, ба ман номи албанӣ бахш» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Албания|Hymni i Flamurit ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Империяи Усмонӣ) |
Забони расмӣ | албанӣ |
Пойтахт | Тирана |
Шаҳри калонтарин | Тирана, Шкодер, Влёра, Дуррес, Элбасан |
Идораи давлат | Ҷумҳурии парламентӣ |
Президент | Буяр Нишани |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 139-ум ҷой дар ҷaҳон 28 748 км² 4.7% % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2011) • Зичӣ | 130-ум ҷой дар ҷaҳон 2 831 741 98,4 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2014) • Ба сари аҳолӣ | 115-ум ҷой дар ҷaҳон 31 млрд $ 11400 $ |
Пули миллӣ | лек (ALB) |
Интернет-Домен | .al |
Коди телефон | +355 |
Соат | UTC +1 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
| |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Close