Map Graph

Норак

Норак – шаҳр дар ҷануби Тоҷикистон, шаҳри энергетикҳо, ки дорои таърихи тӯлонист. Дар китоби «Тоҷикон» ишора меравад, ки замони асри санг дар ин ҷо одамон умр ба сар мебурданд. Чил ҳазор бозёфтҳое, ки муаррихон аз ҳафриёти Норак пайдо кардаанд, интизори омӯзиш ва хулосаҳои мутахасисонанд. Бо барқарор гардидани ҳукумати Шӯравӣ солҳои бистум – сиюм дар ин гӯшаи диёрамон ҳам нишонаҳои ҳаёти нав пайдо шуданд. Ҳамон солҳо гидроэнергетикҳои ҷавони Шӯравӣ ба бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқӣ мувофиқ будани Норак таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Маҳз бо ташаббуси сарвари ҳамонвақтаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоев сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак соли 1960 ҷомаи амал пӯшид. Охирҳои соли 1990 Совети Вазирони ИҶШС дар бораи сохтмони НБО-и Норак қабул кард ва сохтмони калонтарин дар Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҳамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Тутқавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ ба Норак ҳаёти тоза бахшид.

Read article
Акс:Norak,Lenina.jpgАкс:Tajikistan_adm_location_map.svgАкс:Нурекская_ГЭС,_Таджикистан.JPGАкс:Khatlon_Province_in_Tajikistan.svgАкс:Location_of_Norak_District_in_Tajikistan.pngАкс:Emblem_of_Tajikistan.svg