Анадир (дарё)
Анадир — дарё дар нимҷазираи Чукоткаи Федератсияи Русия. Дарозиаш 1150 км, масоҳ. ҳавзааш 191 ҳазор км2. Аз паҳнкӯҳи Анадир сар шуда, ба халиҷи Онемени Баҳри Беринг мерезад. Дар резишгоҳ паҳнии дарё 6-7 км аст. Шохобҳои асосиаш: Яблон, Еропол, Майн — аз рост; Чинейвеем, Белая, Танюрер — аз чап. Манбааш барфу борон. Аз октябр то аввали июн ях мебандад. Аз резишгоҳ то деҳаи Марково киштигард аст. Дар поёнобаш моҳӣ зиёд аст. Дар ҳавзаи Анадир конҳои ангиштсанг мавҷуданд.
Read article