From Wikipedia, the free encyclopedia
БАСОМАД – бузургии физикавӣ, тавсифкунандаи раванди даврӣ, ки ба шумораи пурраи сикли дар воҳиди вақт иҷрошуда баробар аст. Басомади лапиш миқдори лапишҳо дар воҳиди вақт (Басомади хаттӣ) ё дар зарфи 2π воҳиди вақт (Басомади даврӣ, кунҷӣ ё сиклӣ) мебошад. Басомади хаттиро бо ν ё f, Басомади кунҷиро бо ω ишорат мекунанд. Воҳиди Басомади хаттӣ ҳерс аст. Басомади хаттӣ, Басомади сиклӣ ва даври лапиш Т ба ҳамдигар бо формулаҳои зерин алоқаманданд: ν = 1/Т, ω = 2 π/Т, ω =2 πν (Ниг. Лапиш). 2) Басомад дар назарияи эҳтимолият, Басомади ҳодисаи тасодуфӣ буда, ба нисбати шумораи таҷрибаҳое, ки дар онҳо ҳодиса рух додаст (m), бар шумораи умумии таҷрибаҳои гузаронидашуда (n), яъне m/n баробар аст. Барои қиматҳои калони n Басомади ҳодиса, одатан, ба эҳтимолияти ин ҳодиса наздик мебошад. 3) Басомади ҷараёни электрикӣ шумораи сикли пурра тағйирёбии ҷараёни тағйирёбанда дар воҳиди вақт аст. Басомади ҷараёни тағйирёбанда гуфта, одатан, адади даврҳои пурраи дар як сония иҷрошударо мефаҳманд. Ишораташ ν (дар техника бештар f) ва воҳидаш ҳерс аст. 1 Ҳс = 1 давр/с мебошад. Пас, Басомади ҷараёни электрикӣ бузургии чаппаи даври лапиш мебошад: ν =1/Т. Воҳидҳои калонтари килоҳерс (1 кҲс = 103 Ҳс) ва мегаҳерс (1МҲс = 106 Ҳс) низ истифода мешаванд. Дар техникаи алоқа, радиотехника ва ғ. ҷараёни электрикии баланд басомад истифода мешавад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.