From Wikipedia, the free encyclopedia
Ӯрунбой Додобоев (с. тав. 1906, деҳаи Ёва, ноҳияи Ғафуров, с. ваф. 1984, ҳамон ҷо), мутриб, сароянда, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1956).
Ӯрунбой Додобоев | |
Таърихи таваллуд | 1906 |
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров |
Таърихи даргузашт | 1984 |
Пеша(ҳо) | сароянда, мутриб |
Аз намояндаи боҳунари ҳавзаи иҷроии Хуҷанд, хатмкардаи Техникуми мусиқии ба номи Лоҳутӣ (Ху-ҷанд, 1933) буда, фаъолияти иҷроии Ӯ. Додобоев дар дастаҳои ҳунарӣ оғоз ёфта, сипас омӯзгори мусиқӣ ва суруди мактаб (Хуҷанд), сарвари ба-деии хонаи маданият, мудири хонаи маданият, роҳбари ансамбли созҳои миллии колхоз хидмат ва ҳунармоӣ кардааст. Аз иҷрогарони соҳибҳунари шохаҳои созию овозии «Шашмақом», осори мусиқии мардумӣ буда, аксари созҳои мусиқиро бо-ҳунарона менавохт. Ӯ. Додобоев муаллифи суруду оҳангҳои зиёд буда, дар заминаи савту навоҳои мусиқии классикӣ, мардумӣ зиёда аз 40-суруд ба ашъори шоиро-ни форс-тоҷик ва муосир тасниф кардааст. Дар тарбия ва камолоти ҳунарии Абдувоҳид Ҷӯраев, Розиқбой Юлдошев, Саидҷон Улмасов, Абдурашид Аҳмадов, Солеҳҷон Ҳасанов ва диг. саҳми устодӣ дорад. Махсусан, Боймуҳаммад Ниёзов, Каромат Ҳоҷиева ва диг. комёбии ҳунарии худро дар иртибот ба шахсияти Додобоев мешуморанд. Ӯ. Додобоев барои саҳми арзандааш дар тарбия, тарғиб ва маҳорати баланди иҷроияш бо Ифтирхорномаи Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.