Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Душанбе дар қисми марказии водии Ҳисор, дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шимол ва кӯҳҳои Депрессияи тоҷик (қаторкӯҳҳои Абдуллоака, Рангон) аз ҷануб ҷойгир шудааст. рӯди Варзоб аз миёни шаҳр ҷорӣ буда, шаҳрро ба ду қисмат — ғарбӣ ва шарқӣ ҷудо мекунад. Дар қисми ҷанубии шаҳр рӯди Кофарниҳон ҷорист, рӯди Варзоб шохоби рост ва рӯди Элок шохоби чапи он мебошанд.
Водии Ҳисор ва кӯҳистони атрофи он аз ҷинсҳои синнашон гуногун — аз даври палеозой то замони имрӯза иборат мебошанд. Қаторкӯҳи Ҳисор бевосита дар шимолу шарқи шаҳри Душанбе аз ҷинсҳои таркибу пайдоишашон мухталифи даври палеозой таркиб ёфтааст. Дар ҷанубтари водии Ҳисор Депрессияи тоҷик ҷой гирифтааст, ки аз қабатҳои ғафси таҳнишастҳои мезозою кайнозой иборат мебошад.
Ҳосилаҳои палеозойи қаторкӯҳи Ҳисор дар наздикии шаҳри Душанбе аз оҳаксанг, регсанг, эффузивҳои синни карбони поёну миёна ва ҷинсҳои интрузивии карбони боло (гранитҳо, гранодиоритҳо) иборатанд. Ғайр аз ин, ҷинсҳои палеозойии тақрибан ҳамин гуна таркиб дар водии Ҳисор паҳн гаштаанд. Онҳо сохтори табақаи поёнӣ буда, таҳкурсии таҳнишастаҳои мезозою кайнозой маҳсуб мешаванд.
Мезозой дар водии Ҳисор бо ҳама навъҳояш паҳн шудааст. Ҳосилаҳои начандон ғафси давраи триас дар соҳилҳои рӯди Варзоб ба мушоҳида мерасанд.
Таҳнишастҳои давраи юра дар водии Ҳисор маҳдуд буда, аз регсанг, мергел, гил, оҳаксанг, гач ва ангишт иборатанд. Ғафсии ҷинсҳо тақрибан 300 м мебошад. Таҳнишастҳои давраи бӯр дар водии Ҳисор ва мавзеи шаҳри Душанбе масоҳати калонро фаро гирифта, ба ду шуъба — поёнӣ ва болоӣ ҷудо мешаванд.
Таҳнишастҳои бӯри поёнӣ аз ҷинсҳои континентии сурхранг таркиб ёфтаанд (дуруштиашон миёна аст). Ин ҷинсҳо асосан регсанг, гил, мергел, гач ва алевролитҳо мебошанд. Ғафсии бӯри поён дар мавзеи шаҳри Душанбе ба 300 м мерасад. Таҳнишастҳои бӯри боло аз ҷинсҳои баҳрӣ, лагунӣ ва лагунию баҳрӣ иборат буда, ба табақаҳои зерин ҷудо мешаванд: сеноман, турон, коняк, сантон, кампан, маастрихт ва оқҷар. Ин таҳнишастҳо аз оҳаксанг, гил, регсанг ва гач иборатанд. Ҷинсҳо ҳамдигарро бисёр вақтҳо иваз мекунанд. Ғафсии бӯри боло дар мавзеи шаҳри Душанбе 350—400 м аст.
Таҳнишастҳои даҳри кайнозой дар водии Ҳисор аз ҷинсҳои синни палеоген, неоген ва давраи чорумин иборат мебошанд.
Ҷинсҳои палеогенӣ дар қисми шимоли водӣ рӯйи замин баромадаанд. Онҳо асосан аз таҳнишастҳои баҳрӣ ва каму беш лагунӣ ва лагунию континентӣ таркиб ёфтаанд. Дар пойгоҳ (асос)-и буриш оҳаксанг, доломит ва гач бартарӣ дошта, онҳо дар табақаҳои болотар ба таҳнишастҳои таркибан гуногуни (ғафсиашон 1-2 м) гилҳои регсангу мергелдор, оҳаксанг ва регсанг иваз мешаванд. Дар таркиби буриши палеоген табақаҳои Бухоро, Сузак, Олой, Туркистон, Риштон, Исфара, Хонобод ва Сумар мавҷуданд. Ғафсии таҳнишастҳои палеогенӣ дар мавзеи шаҳри Душанбе 580—600 м аст.
Дар таҳнишастҳои баҳрӣ ва лагунии давраи палеоген қабате хобидааст, ки ба замони неоген тааллуқ дорад. Таҳнишастҳои неогенӣ аз таҳнишастҳои дар поин хобида бо таркиб, ранг ва пайдоиш фарқ мекунанд. Онҳо асосан аз регсанг, гил ва конгломератҳои континентии гулобӣ таркиб ёфтаанд, баъзан қабатҳои хокистарранги гилу регсанг низ ба назар мехӯранд. Дар буриш аз поин ба боло ҷинсҳо дурушт мегарданд. Дар буриши давраи неоген аз рӯи хусусияти литологӣ теъдоде аз занҷира (свита) ва зерзанҷираҳо зоҳир мешаванд. Ғафсии қабати неогенӣ дар водии Ҳисор ба 2200—2500 м мерасад.
Таҳнишастҳои давраи чорумин дар водии Ҳисор васеъ густариш ёфта, қабатҳои синнашон гуногуни поёниро пӯшонидаанд. Мувофиқи маълумоти Н. П. Костенко онҳо вобаста ба син ба занҷираҳо (свитаҳо)-и Вахш, Элок, Душанбе, Омударё ҷудо карда мешаванд. Чинсолҳои давраи чорумин аз шағал ва гилхокҳои лёссмонанди таркибан гуногун иборатанд. Хусусан гилхокҳои лёссмонанди синни чорумини миёна (маҷмаи Элок) васеъ густариш ёфтаанд, ки қисми бештари шаҳри Душанбе дар он ҷойгир аст. Ғафсии умумии таҳнишастҳои давраи чорумин ба 200—250 м мерасад.
Аз ҷиҳати тектоникӣ водии Ҳисор фурӯхамиест, ки миёни қаторкӯҳи Ҳисор ва канори шимолии Депрессияи тоҷик ҷойгир шудааст (онро Фурӯхамии пешҳисор меноманд).
Сарҳадди геологии фурӯхамӣ тектоникист; дар шимол чокҳои Ҳисору Кукшаол ва дар ҷануб чоки Элок ҷойгиранд. Фурӯхамии пешҳисор, чун сохтори мустақил, дар давраи юра ташаккул ёфтааст; миёни Депрессияи тоҷик ва минтақаи кӯҳсори Ҳисору Олой мавқеи мобайниро ишғол менамояд. Сохтори имрӯзаи фурӯхамӣ асосан дар давраи навтарин (неоген — чорумин), дар марҳилаи орогении ташаккул ба вуҷуд омадааст.
Буриши барқади Постхамии пешҳисор сохти ассиметрӣ дорад. Канори шимолии вай дар бардориши қаторкӯҳи Ҳисор саҳм дошта, нисбат ба канори ҷанубиаш мавқеи гипсометрии баландтар дорад. Дар қисми аз ҳама фурӯрафтаи водӣ Синклинали марказӣ ҷойгир аст.
Ғайр аз сохторҳои мазкур дар водии Ҳисор ҳамчунин як қатор чинҳои хурд — антиклиналҳои Шоҳамбарӣ ва Лучоб ҷой гирифтаанд. Аввалӣ 15 км шимолу ғарби шаҳри Душанбе, дуввумӣ дар канори шимолии он ҷойгир аст. Дар ҷанубу шарқи водии Ҳисор низ баъзе сохторҳои антиклиналӣ ба назар мерасанд: Кали Шодӣ, Гумбулоқи Шимолӣ ва Андигон. Хусусияти муҳимми тектоникаи Фурӯхамии пешҳисор сохтори дутабақаии он мебошад. Табақаи поинӣ аз қабатҳои палеозой иборат буда, ба монанди он қабатҳоест, ки дар ҳудуди шимолии доманакӯҳҳои водӣ рӯйи замин баромадаанд. Ҳосилаҳои мазкур ба герсинидҳои Тиёншони Ҷанубӣ тааллуқ доранд. Табақаи поиниро таҳнишастҳои субплатформавии мезозою кайнозой ташкил медиҳанд. Онҳо бар асоси ҷинсҳои чиндори палеозой хоб рафтаанд.
Дар тектоникаи водии Ҳисор мавқеи муҳимро қитъаҳо (қатъҳо)-и тектоникӣ ишғол менамоянд. Ғайр аз қитъаҳои номбурда, ки пастхамиро аз шимол ва ҷануб иҳота кардаанд, дар натиҷаи таҳқиқоти геологию физикӣ дар таҳкурсӣ боз чандин ихтилол муқаррар гашт, ки дар рӯйи замин дида намешаванд. Яке аз чунин қитъаҳои тектоникии калон дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ошкор карда шудааст. Ин ихтилоли релйеф (чоки Андигон) қисмати бардоштаи шимол (адир) ва фурӯрафтаи ҷанубро (ҳамворӣ) аз ҳам ҷудо мекунад. Дар таҳкурсӣ шояд дигар ихтилолоти хурд низ вуҷуд дошта бошанд, ки айни замон ошкор нагардидаанд.
Душанбе дар ҳудуди фурӯхамии нафтугаздор ҷойгир аст. Пастхамии Душанбе мавзеи нафтугаздори мустақил буда, дар он ҷо дар таҳнишастҳои юраи боло, бӯр ва палеоген қабати газ ошкор карда шудааст. Захираи газ чандон зиёд набошад ҳам (90-100 млрд м³), умқи хобиши он нисбат ба дигар ҳудудҳои нафту газдор кам аст.
Дар ҳудуди пастхамии Душанбе се кон кашф ва захираи онҳо муқаррар шудааст: Андигон, Комсомол (Лучоб) ва Шоҳамбарӣ. Конҳои Андигон ва Шоҳамбарӣ берун аз қаламрави шаҳр, кони Комсомол дар қисми шимоли он, дар минтақаи Корхонаи семент воқеъ аст. Захирааш 7 млрд м³ аст.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе конҳои ашё барои истеҳсоли семент, сангҳои сохтмон, регсангҳо, конгломератҳо, ҷинсҳои карбонатӣ (оҳаксанг, доломит, мармар), регҳои сохтмон, шағал, гач, ангидридҳо ва рангҳои маъданӣ мавҷуданд. Бо истифода аз онҳо корхонаҳои калони ҷумҳурӣ ба монанди заводҳои семент, шифер ва локу ранг амал мекунанд. Ба конҳои калони маводи сохтмон кони оҳаксанги Ҳарангон ва кони гилу гилхоки Гулписта мансуб мебошанд. Охирӣ ашё барои истеҳсоли керамзит аст.
Дар дараи Варзоб конҳои волфраму молибдени Майхӯра (қисман солҳои 1941—1966 истифода мешуд), ангиштсанги Зиддӣ, шпатҳои гудозиши Такоб, Кондара, Беғар ва ғайра, конҳои мармари Кабудӣ, рухом (муҳраи сулаймонӣ)и Такоб, хоросанги Варзоб ҷойгиранд. Ҷинсҳои хоросангии дараи Варзоб хуб суфта шуда, ҷилои оинагун мегиранд; монолитҳо ва тахтасангҳои онҳоро барои ороиши дарун ва беруни биноҳо, рӯйкаши фарш ва ғайра истифода мебаранд.
Ҳавзаи артезиании Душанбе қисмати шарқии водии Ҳисорро ишғол карда, аз захираи зиёди обҳои маъдании сард ва гарм иборат аст. Дар ин ҷо таҳшинҳои обдори давраҳои мезозою кайнозой рӯйи таҳкурсии палеозой хобидаанд ва аз таҳнишастҳои давраҳои триас, юра, бӯр, палеоген, неоген, чаҳорумин иборатанд. Ғафсии умумии таҳшиниҳо дар қисмати шарқӣ 1440 м ва дар қисмати ғарбӣ то 3000 м мебошад. Дар ҳудуди ҳавзаи Душанбе пайдоиши обҳои гарми маъдании бофишор ва бефишор, ки таркиби кимиёии гуногун доранд, ба ин таҳшинҳо марбутанд. Ин обҳо бо мақсади табобат фақат дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ истифода мешаванд; онҳоро ба сифати оби нӯшокӣ ва дармонбахш низ (бо номи "Шоҳамбарӣ ") истеъмол мекунанд. Чунин обҳо дар водии рӯди Лучоб низ ошкор шудаанд. Ғайр аз ин дар водии рӯди Лучоб, 4-5 км шимолу ғарби шаҳри Душанбе, обҳои гарми гидрогенсулфидии шабеҳ ба обҳои Сочи-Матсеста, ки дар таркибашон нитроген ва метан доранд, ба қайд гирифта шудаанд.
Дар водии рӯди Лучоб ҳамчунин обҳои гарму ҷӯшони гидрогенсулфидии дорои йод, бром, бор ва обҳои шӯр мавҷуданд.
Дар қисмати шимоли шаҳри Душанбе (чини Лучоб) дар таркиби ҷинсҳои асосашон палеозойӣ обҳои гарми таркибашон гуногунро метавон ошкор кард, ки оби чашмаҳои Хоҷа Оби Гарм, Явроз ва Оби Гармро монанданд.
Қаламрави шаҳри Душанбе ба ноҳияҳое мансуб аст, ки рух додани заминҷунбиҳои шиддаташон то 9 балл (аз рӯйи ҷадвали MSK-64) имкон дорад. Магнитудаи онҳо метавонад ба 7,5 −8,0 баробар шавад.
Хавфи зилзилаи шаҳри Душанбе дар он аст, ки қад-қади канори шимоли он, дар доманаи қаторкӯҳи Ҳисор, харобаи азими тектоникии амиқ — чокии Ҳисору Кукшаол ҷой дорад. Қад-қади ин чокӣ заминҷунбиҳои сахти харобиовар, масалан, заминҷунбии Қаротоғ, 1907 (I=9; М = 7,4; Н=35 км), Ҳоит, 1949 (I=9-10; М=7,4 Н=16 км), Файзобод I943 (I=8-9; М=6; Н=15-20 км) ва ғайра рух дода буданд, ки дар Душанбе бо шиддати 5-6 балл ҳис карда шудаанд.
Сарҳадди ҷанубии Пастхамии пешҳисор — чокии Элок низ сохтори сейсмогенӣ дошта, метавонад таконҳои шиддати то 9 баллро ба миён орад, аммо умқи онҳо камтар аз 10-12 км аст. Аз ин рӯ, заминҷунбиҳо масоҳати калонро фаро намегиранд (М=6,5-7,0 ва I=8-9). Заминҷунбиҳое, ки дар минтақаи сейсмогении Элок рух медиҳанд, дар шаҳри Душанбе бо шиддати 5-6 балл ҳис мешаванд. Яке аз охирин зилзилаҳои ин мавзеъ дар Ҳисор буд, ки соли 1987 дар деҳаҳои Шарора ва Оқули Боло (15 км ҷануби ғарбии Душанбе) ба вуҷуд омад (I=7-8; М=5,5; Н=5-7 км).
Ғайр аз заминҷунбиҳое, ки дар мавзеи чокиҳои Ҳисору Кукшаол ва Элок ба қайд гирифта мешаванд, дар водии Ҳисор рух додани зилзилаҳое, ки маркази зуҳурашон дар худи ҳамин пастхамӣ буда бошанд, аз эҳтимол дур нест. Дар худи шаҳри Душанбе ду заминҷунбӣ рух додааст: Сталинобод (1952) ва Лучоб (1967). Заминҷунбии аввалӣ дар қисмати ҷанубии шаҳр ба вуқӯъ пайваст. Шиддати он дар минтақаи марказ ба 6-7 балл, дар қисмати ҷанубии шаҳр 7 балл буд: М=4,5 ва Н=7-8 км. Маркази заминҷунбии Лучоб дар қисмати шимоли ғарби шаҳри Душанбе ҷой дошт. Қувваи такон 5-6 балл; М=4,5 ва Н=10 км.
Минтақаҳои эписентрии заминҷунбиҳои водии Ҳисор чандон бузург нестанд — аз 3 то 20 км, барашон 2-5 км. Заминҷунбиҳои ин гурӯҳ хаттеро ҳосил мекунанд, ки аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ тӯл кашидааст. Манбаъҳои онҳо амиқ ҷой нагирифтаанд ва эҳтимол ба кафидаҳое тааллуқ доранд, ки зери таҳнишастҳои мезозою кайнозой воқеъ гаштаанд.
Маълумоти мавҷуда гувоҳи онанд, ки шиддати таконҳои сейсмикии бевосита дар пастхамии Ҳисор рухдиҳанда аз 7 балл беш нахоҳанд шуд. Тараққии босуръати Душанбе ва бино кардани иморатҳову иншоотҳои нави ҳозиразамон зарурати тартиб додани харитаи сейсмикии шаҳрро ба вуҷуд овард. Ин кор дар Институти таҳқиқоти илмии сейсмология ва сохтмони ба заминларза тобовари Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон соли 1975 ба иҷро расид. Минбаъд харита дақиқтар карда шуд. Алҳол ду харитаи сейсмикӣ вуҷуд дорад; харитаи якум барои биноҳои то 5-ошёна ва харитаи дуюм барои биноҳои аз 5-ошёна баланд пешбинӣ шудааст.
Барои кам кардани хавфи заминҷунбӣ ва бехатарии биноҳову иншоот зарур аст, ки сабабҳои пайдоиши заминларза омӯхта шаванд. Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бобат пайваста таҳқиқот анҷом медиҳанд. Дар Душанбе Пойгоҳи марказии заминҷунбӣ ва дар атрофи шаҳр боз чанд стансияи дигар ҷойгиранд: Ҷирино (дар дараи Варзоб), Чӯянгарон (рӯди Сорбо), Қарасу (рӯди Элок), Оқулӣ (рӯди Кофарниҳон) ва ғайра.
Душанбе ва мавзеъҳои атрофи он дар қисмати марказии водии Ҳисор ҷойгир шудаанд ва пастхамии байникӯҳии тектоникие ба ҳисоб мераванд, ки аз самти ғарб ба шарқ тӯл кашидааст. Шаҳр аз шимол ва шимолу шарқ бо қаторкӯҳи Ҳисор ва шохаҳои он иҳота шудааст. Баъзе қуллаҳои қаторкӯҳи Ҳисор аз сатҳи баҳр беш аз 4000 м баландӣ доранд. Қаторкӯҳи Ҳисор шаҳрро аз шамолҳои сарди шимолу шарқӣ муҳофизат мекунад.
Қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе дар кӯҳпояҳои қаторкӯҳи Рангон ҷойгир аст, ки аз сатҳи баҳр 1400—1700 м баландӣ доранд. Аз шимол ва шимолу шарқ шаҳрро теппаҳо фаро гирифтаанд (баландиашон аз сатҳи баҳр 900—1000 м). Тафовути баландии маҳал зиёд аст. Қисмати ҷанубӣ ва ғарбии шаҳр дар баландии 750—800 м аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, дар ҳоле ки қисми шимол ва шимолу шарқии он 900—950 м баландӣ дорад.
Релйефи маҳал теппадор аст. Дар мавзеи ҷойгиршавии шаҳр вусъати водӣ 18 км буда, қариб 80 дарсади сохтмонҳо дар ҳамворӣ, боқимонда дар теппаву адирҳои шимолӣ ва шимолу шарқӣ бунёд шудаанд.
То ибтидои солҳои 60 асри 20 шаҳри Душанбе дар соҳили чапи рӯди Варзоб ҷой гирифта буд. Баъд дар соҳили рост низ сохтмони биноҳои иқоматӣ ва иншоотҳои саноатӣ шурӯъ шуданд.
Пастшавии релйеф аз ғарб ба ҷануб ба таври баробар сурат мегирад. Аз сабаби он ки дар бисёр теппаву адирҳои қисми шимолу шарқии шаҳр дарахтон ва ҷангалзор мавҷуд нестанд, боришот боиси сар задани сел ва шусташавии хок гашта, ба шаҳр хисороти калон мерасонад.
Бо тараққиёти шаҳр ва суръат гирифтани сохтмон релйефи Душанбе ба куллӣ тағйир ёфт. Даҳҳо адад сойу ҷӯйбор ва обкандаҳо ҳамвор карда шуданд. Дар шаҳр унсурҳои релйефи сунъӣ низ ба чашм мерасанд. Масалан, кофтан ё теппа бардоштани замин барои бунёди роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард (дар ҳудуди фурудгоҳ, кофтани наҳр аз қисмати шимолии шаҳр то Неругоҳи барқии Варзоб, Канали калони Ҳисор дар қисмати ҷанубу ғарбии пойтахт, Кӯли ҷавонон ва боз кӯлҳои дигари сунъӣ дар қисматҳои шимол ва ҷанубу ғарбӣ). Дар ҷойи бисёр сойу ҷӯйбор ва обкандаҳо алҳол роҳҳои калони мошингард, кӯча, гулгашт ва иморатҳои нав бунёд ёфтаанд.
Рӯдҳое, ки бо шохобҳояшон ба ҳавзаи рӯди Кофарниҳон мансубанд, манбаи асосии бо об таъмин гаштани шаҳри Душанбе ба шумор мераванд. Сарчашмаи онҳо барф, борон, пирях ва обҳои зеризаминӣ мебошанд. Вобаста ба тараққиёти шаҳр хусусияти ғизогирии ҷӯю наҳрҳо тағйир ёфт. Обҳои борон ба коллекторҳо равона мешаванд ва миқдори гандаобҳои корхонаҳои саноатӣ афзун мегарданд.
Рӯди Варзоб шохоби рости рӯди Кофарниҳон аст. Он дар дохили шаҳр аз шимол ба ҷануб дар масофаи зиёда аз 30 км ҷорист. Дар давраи обхезӣ паҳнои рӯд ба 35-38 м расида, сарфи ҳадди аксари об 732 м³/сонияро ташкил медиҳад. Қисми зиёди сол рӯди Варзоб камоб аст (7 м³/сония). Варзоб чанд шохоб дорад: Лучоб, Сиёма, Майхура, Зидӣ (дурусти он Зидеҳ) ва ғайра. Онҳо асосан аз пиряхҳои қаторкӯҳи Ҳисор об мегиранд. Баъди ҳамроҳ шудани шохобҳои Майхура ва Зидӣ, рӯди Варзоб сероб мегардад. Соли 1952 сарфи солонаи оби рӯди Варзоб 61,2 м³/сония ва соли 1957 — 31,5 м³/сонияро ташкил медод. Мутобиқи мушоҳидаҳо таносуби ҷараёни об дар моҳҳои июл — сентябр ва март — июн мутаносибан 0,43-0,81 м³/сония аст.
Рӯди Лучоб шохоби рости рӯди Варзоб буда, аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ибтидо мегирад. Тафовуташ аз рӯдҳои Варзоб ва Кофарниҳон дар он аст, ки дар саргаҳи он пиряхҳо нестанд.
Наҳри калони Ҳисор аз рӯди Душанбе оғоз меёбад. Тӯли он 50 км (дар ҳудуди шаҳр 2,5 км) буда, сарфи солонаи об 10 м³/сония аст. Ифтитоҳи наҳр ҳамчун воқеаи муҳимми таърихӣ 12 сентябри соли 1942 сурат гирифт. Даҳҳо ҳазор гектар заминҳои водии Ҳисорро шодоб мегардонад. Наҳри калони Ҳисор ба чанд шоха тақсим мешавад: Алочабоф, Говкуш, Чоряккорон, Кампирқалъа, Оим ва Янгиобод. Наҳри Алочабоф аз назди пули роҳи оҳан об гирифта, ба ҷануб — ҷониби рӯди Кофарниҳон ҷорӣ мешавад.
Ҳамчунин чанд наҳрҳои хурд низ мавҷуданд, ки барои обёрии заминҳои шаҳр муҳимманд: Ҳазора, Шоҳмансур ва ғайра. Наҳри Ҳазора 4 км дуртар аз қисми шимолии шаҳр канда шудааст. Наҳри Шоҳмансур дар поинтари наҳри Ҳазора ҷой гирифтааст. Оби ҳарду наҳр аз рӯди Варзоб аст.
Дар Душанбе чанд кӯл ва ҳавзи сунъӣ низ мавҷуданд. Кӯли ҷавонон нисбатан калон аст. Кӯлу ҳавзҳо ба ҷуз ҷойи истироҳату фароғат будан, иқлими хос низ ба вуҷуд меоранд.
Дар қисматҳои шимол ва шимолу шарқи шаҳри Душанбе теппаҳое мавҷуданд, ки аз сатҳи баҳр 900—1000 м баландӣ доранд. Хоки ин мавзеъҳо ҷигарии карбонатӣ буда, аз 3 — 4 % порухок (гумус) иборат аст. Карбонатҳо дар умқи 20-40 см ҷой гирифтаанд.
Анвои хоки киштбоб дар зери рустаниҳои баланд ва буттаҳои ксерофитӣ ҳосил шудааст. Ин гуна хокҳо асосан дар таҳнишастҳои лёссӣ ва гилхокҳои лёссӣ ба вуҷуд меоянд. Чунин хокҳо нарм буда, ҳангоми сохтани иморатҳои вазнин ё обёрӣ кардани замин фурӯ мераванд.
Дар натиҷаи боронҳои сел раванди шусташавии хок афзуда, мавзеъҳои шимолу шарқии шаҳрро об зер мекунад. Шусташавии хок хусусан дар заминҳои корами лалмӣ, ки тадбирҳои пешгирии эрозия андешида намешаванд, бештар ба вуқӯъ мепайвандад.
Тирахокҳои хокистарранги обёришаванда ба мисли секунҷа дар қисми куҳнаи шаҳр дучор меоянд (Боғи ба номи Айнӣ-километри 7-Фурудгоҳ). Онҳо асосан дар ҳамворӣ ва теппаҳои паст густариш ёфтаанд. Ҳадди болоии онҳо дар баландии 850—900 м аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст.
Маводи ҳосилкунандаи чунин хокҳо лёс ва гилҳои лёссмонанд мебошанд. Вобаста ба таркиб ин гуна хокҳо ба гилхокҳои миёна ва вазнин мансубият доранд. Қабати болои онҳо аз 2 −3 % порухок ва 6 −8 % карбонатҳо иборат буда, маҳлулашон ишқорӣ аст.
Дар соҳили чапи рӯди Варзоб ба паҳнои 50-200 м таҳнишастҳои пролювиалӣ ва аллювиалӣ дучор меоянд, ки дар сатҳи онҳо регхокҳои камҳосил ташаккул ёфтаанд. Ғафсии қабати чунин хокҳо 20 −120 см аст. Хоки ин мавзеъ дар натиҷаи бунёди сохтмонҳо тағйир ёфтааст.
Дар суффаҳои соҳили рости рӯд таҳнишастҳои пролювиалӣ ва аллювиалӣ бо аломатҳои хеле костаи хокҳосилшавӣ ба назар мерасанд. Онҳоро тахту ҳамвор ва ҳосилхез карда, баҳри сабзкорӣ истифода мекунанд.
Ғарбтар аз минтақаи паҳншавии хокҳои номбурда сиёҳхокҳои обёришаванда мавҷуд мебошанд, ки солҳои зиёдест киштукор мешаванд. Ғафсии табақаи болоии ин гуна хокҳо аз ҷануб (маҳаллаҳои 46, 63, 64, 65, шаҳраки Гипрозем) ба шимол (маҳаллаи Зарафшон, Меҳробод) меафзояд. Дар натиҷаи шаҳрнишинӣ сифатҳои табиии хок аз миён рафта, хароб мегардад. Воситаи муфиди пешгирии харобшавии хоки талу теппаҳо барпо кардани алафзор ва нишондани буттаву дарахтон мебошад. Бинобар ин дар минтақаи хокҳои карбонатии ҷигарӣ ба сабзкорӣ (фитомелиоратсия) эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Яке аз усулҳои босамари мубориза бо шусташавии хоки нишебҳо бунёд кардани зинабоғҳост.
Баҳри барқарор сохтану афзун гардондани ҳосилхезии хок истифодаи пору, нуриҳои маъданӣ ва партови шаҳр муҳимманд.
Душанбе дар минтақаи биёбони эфемерӣ ва қисман дар минтақаи нимсаваннаи камалаф ҷой гирифтааст.
Пӯшиши табиии наботот ба шакли аввалааш дар ҳудуди имрӯзаи шаҳр вуҷуд надорад. Он чанд даҳсола пеш аз бунёд гаштани шаҳр дар натиҷаи кишоварзии мардум тамоман тағйир ёфта буд. Набототи имрӯзаи шаҳр хосияти биёбониро дошт, ки ҷо-ҷо буттаҳои бодом, писта, татум, гулхор (настаран), ирғай ва ғайра рӯида буданд. Алафзори атрофи шаҳр асосан аз рустаниҳои эфемерӣ ва эфемероидҳо (пудина, ғешаи даштӣ, ҷавак, ғозипиёз) иборатанд, ки навбаҳорон руста, зуд хазон мегарданд. Онҳоро ба иллати кам будани давраи нашвашон рустаниҳои кӯтоҳумр меноманд.
Дар нишебҳои обшуста ва соҳилҳои рӯдҳо, ки набототи кам доранд, кавар, янтоқ, ширинбия ва ғайра мерӯянд. Дар ҷазирачаҳои санглохи байни рӯдҳо бедғоза, тамарикс, паттаарча ва дигар рустаниҳо ба мушоҳида мерасанд.
Солҳои 80 асри 19 дар деҳаи Душанбе ва атрофи он (Шоҳмансур, Сариосиё, Ғофилобод, Чармгарон, Заргар ва ғайра) аз дарахтони таҳҷоӣ чинор (бештар дар назди масҷиду мазорҳо), бед, арар, сафедор, дарахтони мева (чормағз, тутҳои сафеду сиёҳ, аз ҷумла, шоҳтут, зардолу, нок, себ ва ток) мерӯиданд. Баъди пойтахт эълон шудани Душанбе дар атрофи он кабудизору дарахтзорҳо бунёд ва корҳои ободонӣ шурӯъ шуданд. Дар ободониву сабзкории пойтахт саҳми Боғи ботаникӣ (соли 1933) ва Стансия (Пойгоҳ)и таҷрибавии ҷангал калон буд.
Душанбе дар натиҷаи сабзкорӣ ва рӯёндани рустаниҳои ороишии нав ба яке аз боғшаҳрҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Дар талу теппаҳои атроф анвои гуногуни санавбар, дулона, шулаш, писта, себ ва ғайра парвариш карда мешаванд. Дар шаҳр боғу чорбоғҳои зебо, гулгаштҳо ва хиёбонҳои ҷолиб бунёд шудаанд. Дар онҳо навъҳои беҳтарини гулҳои лола, қашқарӣ, савсан, оташгул, садбарг ва ғайра мерӯянд.
Дар чорбоғу гулгаштҳои пойтахт бештар аз 150 навъи дарахту бутта парвариш меёбад, ки 90 дарсади онҳо аз дигар кишварҳо оварда шудаанд. Хосса чинор, навъҳои гуногуни фарк, шоҳбулут, қурси қамар (кастона), булут, нахл, лоладарахт, навъҳои гуногуни ёс, шамшод, садбарг, картошкагул, мамонтдарахт, дарахти ҷалғӯза, сарв, навъҳои гуногуни санавбар, сарвиноз, пихта ва ғайра маъмуланд.
Фаунаи шаҳри Душанбе аз ҳайвоноте иборат аст, ки ба шароити маҳал мутобиқ шудаанд.
Дар маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳое, ки аз ҷониби одамон аз худ карда шудаанд, 14 гунаи ҷонварони ширмак ба қайд гирифта шудааст. 5 гунаи ҷонварони хоянда мушоҳида мегардад: калламушҳои хокистарранг, туркистонӣ ва чиндандон, муш, кӯрмуш. Солҳои охир адади калламуши туркистонӣ афзудааст. Дар баъзе маҳаллаҳо калламуши хокистарранг маскан ёфтааст, ки солҳои пеш набуд (бори аввал дар шаҳраки Гипрозем июни соли 2003 ошкор гардидааст). Дар биноҳои шаҳр навъҳои гуногуни кӯршабпаракҳо паноҳ бурдаанд: нетопир, кӯршабпараки мӯйлабдор, кӯршабпараки шикамсафед, кӯршабпараки паҳнгӯш, кӯршабпараки найзагӯш ва ғайра. Аз ҷонварони дарранда баъзан миримушон, росу ва рӯбоҳро метавон дучор гардид. Дар боғу чорбоғҳо хорпушт ба назар мерасад.
Дар Душанбе ва атрофи он 135 гунаи паранда (аз 385 таксонҳои хосси ҷумҳурӣ) мавҷуд аст. Фақат парандаҳои муқимӣ 35 гуна мебошанд. Дар ҳама маҳаллаҳои шаҳр кабӯтарҳо лона мегузоранд. Адади кабӯтарҳо дар баъзе мавзеъҳои шаҳр хеле зиёд аст. Бомгӯшаи иморатҳо ва шохаҳои дарахтони баланд ҷойи лонасозии мусичаҳост. Аз соли 1999 дар шаҳри Душанбе мусичаи холдор мушоҳида шуд, ки алҳол адади он рӯ ба афзоиш дорад. Дар ковокии дарахтони куҳансол (хусусан чинор) эзорсурхак, дар боғҳо акка, фотимачумчуқ, чарғ, суфитурғай, дурроҷ, майна, гунҷишкон лона мегузоранд. Тайи 5-6 соли охир дар чинорҳои маркази шаҳр лонагузории зоғи сиёҳ ба мушоҳида расид. Дар боғоту дарахтзори соҳили рости рӯди Кофарниҳон лонагузории булбул, чаковак ва баъзе мурғони обӣ вусъат ёфтааст.
Гуногунии анвои парандагон вобаста ба мавсими сол тағйир меёбад. Тирамоҳу баҳор аз осмони Душанбе 50 гунаи парандагон, ки дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Сибири Ғарбӣ лона мегузоранд, парвоз карда мегузаранд. Баъзе парандагон моҳҳои октябр — ноябр барои зимистонгузаронӣ омада, миёнаҳои феврал — аввали май парида мераванд.
Дар шаҳр 47 гунаи хазандагон ба мушоҳида мерасад. Дар биноҳо ва сӯрохи дару девор ду гунаи калтакалос — калтакалоси хазарӣ ва лучпанҷа дучор меоянд. Дар байни анбӯҳи дарахтон ва тарқиши хонаҳои похсадевор мори чипор, дар атрофи шаҳр сангпушт, калтакалоси луччашм ва келас зиндагӣ мекунад. Ҳаёти мори обӣ ба обанборҳо вобастагӣ дорад. Адади он махсусан дар атрофи манбаъҳои об, ки моҳиҳо зиёданд, бештар аст. Аз обхокиҳо дар ҳавзу кӯлҳо қурбоқа ва ғук зиндагӣ мекунанд. Қурбоқа махсусан дар заминҳои обӣ ва шолизорҳои атрофи шаҳр зиёд мебошад.
Рӯдҳо ва кӯлу ҳавзҳои шаҳри Душанбе 14 гуна моҳӣ доранд. Дар рӯдҳои Душанбе ва Лучоб лучмоҳӣ, лаққамоҳӣ, ширмоҳӣ ҳаст. Хусусан рӯди Кофарниҳон, ки аз канори шарқии шаҳри Душанбе мегузарад, моҳиҳои гуногун дорад. Дар ин ҷо 7 гунаи моҳӣ (ширмоҳӣ, хромуля, мӯйлабмоҳӣ, лучакмоҳии тоҷикӣ, туркистонӣ, кофарниҳонӣ ва ғайра) ба қайд гирифта шудааст. Дар кӯл ва ҳавзҳо ҳамчунин зағорамоҳӣ, карасмоҳӣ, моҳии ғамбуза зиндагӣ мекунад. Зағорамоҳӣ, карасмоҳӣ, хромуля аз ҷумлаи моҳиҳои шикорбоб мебошанд.
Дар Душанбе ва атрофи он беш аз 300 навъи ҳашарот мавҷуд аст: чирчиракҳо, зиреҳакҳо, ширинча, ганданафасак, канаҳо, гамбускҳо, шапалакҳо ва ғайра. 75 гунаи онҳо дар дарахтони мева ва зироат ба қайд гирифта шудааст. Бисёр ҳашарот ба дарахту буттазор зарари калон мерасонанд, масалан, заргинаки туркманӣ, мӯр, кирми гардаи ток, кирмаки Комсток, зиреҳаки бунафш ва калифорнӣ ва ғайра. Онҳо сари ҳар 10 сол афзоиш ёфта, зиёд мешаванд. Солҳои охир адади ҳашароти хунмак, аз қабили анофелес (паҳнкунандаи бемории вараҷа) ва куликс (хомӯшаки шаҳрӣ — паҳнкунандаи бемориҳои сироятии одамон ва ҳайвонот) низ зиёд шудааст.
Фитонематодаҳо дар шаҳри Душанбе ва атрофи он 5 гунаанд. Онҳо ба дарахту буттаҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд. Хосса зиёни нематодаҳои бузғунҷ ва лонгидроидҳо (интиқолдиҳандаи бемориҳои вирусӣ) калон аст.
Баъзе навъҳои ҳайвоноти Душанбе ба гурӯҳи ҷонварони нодир мансуб буда, ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил шудаанд (тахисфекси нурдор, миримушон, кӯршабпараки шикамсафед, кӯршабпараки паҳнгӯш, кӯршабпараки чинлаб ва ғайра).
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.