From Wikipedia, the free encyclopedia
Ваҳдат (то соли 2008 — Ҷиргатол) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳия ва ҷамоати шаҳраки ноҳияи Лахш.
Шаҳрак | |
39°13′20″ с. ш. 71°11′32″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
минтақа | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
ноҳия | Лахш |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 5 100[1] тан (2022) |
Миллият | тоҷикон, қирғизҳо |
Эътиқодот | мусулмонон |
|
Дар соҳили поёноби дарёи Кабудоб (ҳавзаи дарёи Сурхоби Вахш) воқеъ гаштааст. Аз Ваҳдат то шаҳри Душанбе 284 км; роҳ мумпӯш[2].
сол | 2010 | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
5,6 | ↗5,8 | ↗5,9 | ↗6,3 | ↗6,4 |
Ваҳдат мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, омӯзишгоҳи тиббӣ, мактаб-интернат, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, шуъбаи маориф, 2 мактаби варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, варзишгоҳ барои 5 ҳазор нафар, китобхона, 3 муассисаи фарҳангию фароғатӣ, осорхона, кӯдакистон, 4 суратгирхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, маркази савдо, 15 нуқтаи савдои хусусӣ, ошхона, чойхона, шуъбаи алоқа, беморхонаи марказӣ, 5 дорухона, маркази саломатӣ, аэропорт, автовокзал дорад. Дар Ваҳдат идораи хоҷагии ҷангал, ҷамъияти матлубот, идораи роҳсозӣ, идораи байторӣ, пойгоҳи нақлиёт, ситоди ҳолатҳои фавқулода, идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи корҳои дохилӣ, идораи суди ноҳия, прокуратура, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ, идораи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ), идораи матбаа, коргоҳи табъу нашри «Файзи олам», масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Лахш, анбори Агентии захираҳои давлатӣ, қисми низомии 2120, пойгоҳи зилзиласанҷии Институти зилзиласанҷии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.
Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва картошкапарварӣ. Заминҳо аз оби дарёи Пиёзӣ обёрӣ мешаванд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.