From Wikipedia, the free encyclopedia
Ғафуров — шаҳракест (қаблан шаҳр), ки дар ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон қарор дорад ва ба номи академик ва қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст (зодгоҳи академик). Маркази маъмурии ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд мебошад.
Шаҳрак | |
40°13′04″ с. ш. 69°49′30″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
ноҳия | Бобоҷон Ғафуров |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина |
Стансияи-Ленинобод (1936—1953), Советобод (1953—1962), Хуҷанд (1962—1964), Советобод (1964—1978) |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 19300[1] тан (2022) |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Нишонаи почта | 735690 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
18,1 | ↗18,4 | ↗20,3 | ↗20,6 |
Аз қадим бо номи Исфисор (Исписор) дар водии Фарғона маълум буд. Дар даврони шӯравӣ номҳои зерин дошт:
Стансияи-Ленинобод (1936—1953),
Советобод (1953—1962),
Хуҷанд (1962—1964),
Советобод (1964—1978).
Исфисор зодгоҳи фарзанди фарзонаи миллат, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Шӯҳрати ин диёр ва гиромидошти ин хок чун ному кори Бобоҷон Ғафуров барои ҳар фарди тоҷик мояи ифтихор аст. Ба ин муносибат дар шаҳрак муҷассамаи аллома гузошта шуда Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекунад.
30 июни соли 1999 бахшида ба 90-солагии қаҳрамони Таҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров номи ноҳия ва маркази он, шаҳраки Ғафуров номгузорӣ шуд. Аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳолати 1 январи соли 2016 353,9 ҳазор нафарро ташкил додааст, аз ҷумла 18,3 ҳазор нафар дар шаҳраки Ғафуров ва боқимонда 335,7 ҳазор нафар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.[2]
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 7 апрели соли 1965 ташкил шудааст. Масоҳати умумии ҷамоат 1296,46 га мебошад. Маркази ноҳия шаҳраки Ғафуров мебошад. Дар ҳудуди шаҳрак 17 корхонаҳои саноатӣ, 12 корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият мебарад. Аксарияти корхонаҳо дар шаҳрак ҷойгир шудааст. Инчунин дар шаҳрак 186 муассисаҳои хидматрасонӣ ва савдо, 4 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ, 5 муассисаи томактабӣ, 1 хонаи фарҳанг, 1 кинотеатр. 1 мактаби мусиқӣ, 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 диспансер, 1 маркази саломатӣ, 1 маркази саломатии хусусии «Шамс», 2 варзишгоҳ фаъолият менамояд.[3]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.