From Wikipedia, the free encyclopedia
Юҷин Пол Ви́гнер (маҷорӣ: Wigner Jenő Pál; 17 ноябр 1902[1][2][3][…], Будапешт, Подшоҳии Маҷористон[d], Утриш-Маҷористон[d] — 1 январ 1995[4][2][3][…], Принстон[d], Ню-Ҷерси[5]) — физикдони назарии аҳли амрико.
Соли 1921 дар Мактаби олии техникии Берлин (ҳозира Донишгоҳи техникии Берлин) таҳсил карда, дар коллоквиумҳои ҷамъияти физикҳои олмонӣ, ки дар он олимони машҳури замона М. Планк, В. Гейзенберг, В. Паули, А. Эйнштейн ва дигарон фаъолият мекарданд, ширкат меварзид. Солҳои 1928—1930 дар Олмон дарс додааст. Профессори Донишгоҳи Принстон (1936). Бори нахуст маҳсули истифодабарии назарияи гурӯҳҳо ва ғояҳои симметрияро дар механикаи квантӣ нишон дод (1931). Аз соли 1946 директори озмоишгоҳи Клинтони шаҳри Оукриҷи иёлати Теннесси буд. Дар соҳаи физикаи назарияи ҷисми сахт таҳқиқоти бисёр анҷом дода, дар коркарди аввалин реактори ҳаставии амрикоӣ (1942—1945) иштирок кардааст.
Ба ифтихори ӯ дар физика «ячейкаи Вигнер-Зейтс», «энергияи Вигнер», «формулаи Брайт-Вигнер», «теоремаи Вигнер-Экарт», «функсияи Вигнер», «кристаллбандии Вигнер» номгузорӣ шудаанд. Барои саҳмгузорӣ дар назарияи ҳаставии атом ва зарраҳои бунёдӣ сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1963, ҳамроҳи Мария Гёпперт-Майер ва Ҳанс Йенсен). Баъзан Юҷин Вигнерро алломаи илм номида, ҳамзамонон бо Алберт Эйнштейн баробар мекарданд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.