From Wikipedia, the free encyclopedia
Эҳром (ар. إحرام) — рукни аввали ҳаҷ ва умра, пӯшидани порчаи сафеди нодӯхта дар вақти маросими ҳаҷ.
Эҳром барои ҳарду ибодат — ҳаҷ ва умра як хел аст. Шахси ҳаҷгузор ҳамин ки ба яке аз миқотҳо расид, бо нияти анҷом додани ҳаҷ ва ё умра вузӯ ва ғусл менамояд ва ду порча либоси нодӯхтаи эҳромро мепӯшад. Он гоҳ ду ракъат намоз мегузорад ва бо ҳамин муҳрим мегардад. Яъне бо ҳамин расму тартибот ва аъмоли бастани эҳром комилан ба ҷо меоянд.
Ҳангоми бастани эҳром бо дилаш анҷоми ҳаҷ ва ё умраро ният мекунад ва бар хилофи дигар ибодатҳо дар ин ҷо суннат аст, ки нияташро ба таври ошкор ва бо садои баланд изҳор намояд. Изҳори он чӣ тавре бо гуфтани талбия сурат мегирад, бо ифодаи ният ва ё бо дуъои тайсир ва қабули он аз сӯи Худованд низ ба ҷой меояд. Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) барои умра ва ҳаҷ якҷоя эҳром баста, мегуфт:
لبَّيك عمرةً وحجًّا، لبَّيك عمرةً وحجًّا
«Лаббайк бо умра ва ҳаҷ, лаббайк бо умра ва ҳаҷ»[1].
Дар ҳолати бастани эҳром ва ё пештар аз он хуб аст як силсила омодагиҳоеро ба тартиби зер ба ҷо оварад:
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.