From Wikipedia, the free encyclopedia
Эмомалӣ Насриддинзода (Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин; 2 июли 1966, деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб) — ҳуқуқшинос, омӯзгор ва давлатмарди тоҷик, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2015), профессор[1], узви вобастаи АМИТ.
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин | |
4 майи 2021 — 16 январи 2024 | |
Пешгузашта | Абдуҷаббор Раҳмонзода |
Ҷонишин | Абдулло Раҳмонзода |
Таваллуд |
2 июл 1966 (57 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Насурдинов Эмомалӣ Сайфиддинович |
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Таҳсилот | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Ҷоизаҳо |
Эмомалӣ Насриддинзода 2 июли соли 1966 дар ноҳияи Совет дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.Соли 1983 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмаликро хатм намудааст, соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко ва соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро соли 1990 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Балҷувон оғоз кардааст. Аз соли 1993—2006 ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз 2003 то 2004 корманди Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2003—2006 унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, соли 2006 мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2006—2007 муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2007—2009 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия. Солҳои 2009—2011 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим. Аз моҳи августи соли 2011 то 2016 Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз 5 майи 2021[2] то 16 январи 2024[3] ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.
Эмомалӣ Насриддинзода аз 16 январи соли 2024 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шудааст[4].
Эмомалӣ Насриддинзода 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[5]
Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ҳимоя кардааст.
Ба қалами ӯ беш аз 150 асари пурарзиши илмию таълимӣ аз ҷумла, 5 монография, 5 китоби дарсӣ, 5 воситаи таълимӣ ва мақолаҳои сершумори илмӣ мансуб аст.
Соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Бо нишони «Аълочии маорифиТоҷикистон», медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва Ордени «Шараф» дараҷаи II қадр шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.