From Wikipedia, the free encyclopedia
Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (имлои пешина Совети Олии РСС Тоҷикистон; рус. Верховный Совет Таджикской ССР) — мақоми олии якпалатагии ҳокимияти давлатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон мебошад (аз 9 сентябри 1991), ки аз соли 1937 то 1994 фаъолият мекард.
ШО қаблан барои 4 сол ва тибқи Конститутсияи соли 1978 - ба муддати 5 сол, ба ҳисоби 1 вакил аз 8000 сокин интихоб мешуд. Дар давраи байни сессияҳои Шӯрои Олӣ мақоми олии ҳокимияти давлатӣ Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Шӯрои Олӣ ҳукумати ҷумҳурӣ - Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ, қонунҳои ҶШС Тоҷикистон ва ғ.-ро таъсис дод.
Даъвати 1: 13 июли 1938 — 8 августи 1946Даъвати 2: апрели 1947 — апрели 1951Даъвати 3: марти 1954 — октябри 1954Даъвати 4: 28 марти 1955 — 13 январи 1959Даъвати 5: 27 марти 1959 — 22 декабри соли 1962Даъвати 6: 28 марти 1963 — 27 декабри соли 1966Даъвати 7: 19 апрели 1967 — 18 декабри соли 1970Даъвати 8: 29 июни соли 1971 — 27 декабри соли 1974Даъвати 9: 3 июли соли 1975 — 14 декабри соли 1979Даъвати 10: 25 марти 1980 — 13 декабри 1984Даъвати 11: 29 марти 1985 — 23 ноябри соли 1989
Даъвати 12: 29 марти 1990 — 6 декабри соли 1994
Дар моҳи апрели соли 1990 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пароканда карда шуда, вазифаҳои он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ вогузор карда шуданд. Ҳамин тариқ, бо чунин унвон мансаби Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1990-1991 аз ҷиҳати мундариҷа аз мансаби ҳамном то соли 1990 ба куллӣ фарқ мекард.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.