From Wikipedia, the free encyclopedia
Шариф Нуриддинов (Шариф Нуриддин; 2 декабри 1943, деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд) — нависандаи ӯзбекзабон, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001), корманди илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Шариф Нуриддинов | |
Таърихи таваллуд: | 2 декабр 1943 (80 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров |
Навъи фаъолият: | журналист,нависандаи ӯзбекзабон |
Шариф Нуриддин 2 декабри соли 1943 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров таваллуд ёфтааст. Cоли 1960 мактаби таҳсилоти миёнаи касбӣ ва мактаби ҳунарии № 31-и Қайроққумро (ҳоло шаҳри Гулистон) хатм карда, соли 1961 дар комбинати қолинбофии ҳамин шаҳр фаъолияти меҳнатиро оғоз мекунад. Соли 1962 ба факултаи филологияи Институти педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод дохил шуда, онро соли 1966 хатм кард ва ба мактаби миёнаи № 13 ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти ӯзбек фаъолияти педагогиро оғоз менамояд. Аз хидмат баргашта боз фаоолияти педагогиро давом дод. Якуми сентябри соли 1969 бинои нави мактаби миёнаи № 57 ба истифода супорида шуд ва Шариф Нуриддинов ҳам ба ин даргоҳи маориф ба кор мегузарад. Соли 1970 ӯро ба рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи ленинӣ» (ҳозира «Хуҷанд») ба кор даъват мекунанд. Дар ин рӯзнома то соли 1992, ҳамчун мудири шӯъба фаъолият бурд. Ӯ бо хабару мақолаҳо, шеъру ҳикояҳо дар нашрияҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мисли «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд»), «Совет Тожикистони» (имрӯза «Халқ овози»), дар нашрияҳои Ӯзбекистон иштирок мекард. Солҳои 1991—1992 фаъолияти ӯ бо рӯзномаи «Халқ овози» вобаста буд, ҳамчун мухбири махсуси ин нашрия дар вилояти Суғд фаолият мебарад. Дар соли 1992—1993 бо рӯзномаи маркази ӯзбекони вилояти Суғд «Қадрият» ҳамкорӣ дошт. Дар солҳои 1993—2002 дар рӯзномаи «Ленинобод ҳақиқати» (имрӯза «Суғд ҳақиқати») вазифаи ҷонишини сармуҳаррирро иҷро намуд. Шариф Нуриддин дар давоми ду сол ба бахши ӯзбекии Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд сарварӣ намудааст. Аз соли 2010 ходими илмии Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Аввалин намунаҳои шеърҳои ӯ соли 1963 дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Совет Тоҷикистони» чоп шуда буд. Дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи», рӯзномаи «Ӯзбекистон маданияти», алманахи «Ёшлик» низ намунаҳои шеърҳои ӯ нашр шудаанд. Дар давоми солҳои Истиқлоли Тоҷикистон китобҳои ӯ доир ба жанри назм:
Ҳикоя ва очеркҳо ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ, мисли:
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.