Хавориҷ
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Хавори́ҷ (аз ар. الخوارج — ҷамъи хориҷӣ, ар. خارِجِيُّ — ба маънои исёнгар, ошӯбгар, ҷудоихоҳ ва хуруҷкунанда бар зидди намояндаи ҳокимият) — дар истилоҳи фирқашиносии динӣ номи гурӯҳе аз мусулмонон дар сипоҳи Алӣ ибни Абутолиб, ки дар аснои ҷанги Сиффин пас аз қазия ҳакамият бар зидди вай хуруҷ карданд, тарҳи ҳакамиятро аз сӯйи вай шаръан нораво ва Аливу Муъовия ҳардуро бо иртикоби ба фикрашон ин гуноҳ кофир шумурданд. Аз он ҷо ки барои рехтани тарҳи ин нақша дар деҳае наздики Куфа бо номи Ҳаруро (ар. الحَرُورَاء) гирд омада буданд, ба онҳо ҳарурӣ ва ҳарурия низ гуфта мешавад.
Таассуби фирқаӣ ва бероҳии фикрии хавориҷ рӯз то рӯз шиддат гирифт ва бо ҳар касе, ки ба онҳо мувофиқ набуд, ба ҷанг пардохтанд ва аз тамоми фирқаҳои навзуҳур дар он рӯзгор бештар ба қатлу куштор ва дифоъ аз андешаҳои динии худ пардохтанд. Дар роҳ ба саҳобаи расули Худо (с) Абдуллоҳ ибни Хаббоб вохӯрда, ӯро ҳамроҳи ҳамсараш ба шаҳодат расониданд ва шиками ҳамсарашро, ки ҳомила буд, пора сохта, тифлро берун афканданд.
Халифаи ислом Алӣ бо ҳар васила ва дар ҳар мавриде ба ҳидоят ва иршоди онҳо талош варзид ва ҳар боре ба сухан мебаромад, яке аз онҳо бархоста ба унвони эътироз: Ло ҳукма илло лиллоҳ мегуфт ва маҷлисро барҳам мезад. Алӣ аз онҳо хост, ки кушандаи Абдуллоҳро ба ӯ таслим кунанд, онҳо ҷавоб доданд, ки мо ҳамаамон ӯро куштаем.
Вақте талошҳои халифаи чаҳорум Алӣ дар ҳидояти хавориҷ натиҷае набахшид ва дар Наҳравон – минтақае дар байни Восит ва Бағдод лашкари азиме бар зидди вай гирд оварданд, Алӣ ноилоҷ ба онҳо ҳамла ва аксари онҳоро дар Наҳравон аз байн бурд. Гарчи дар ин ҷанг аксари хавориҷ кушта шуданд, вале ақоид ва андешаҳои инҳирофии онҳо аз байн нарафт. Ҷамъе аз онҳо пас аз ҷанги Наҳравон ба фикри куштани Алӣ, Муъовия ва Амр ибни Ос – се шахсияти номдор ва таъсиргузори ислом дар он рӯзгор баромаданд ва тайи суиқасде дар куштани Алӣ комёб шуданд.
Пас аз он бозмондаҳои ин хавориҷ ҳамвора дар атрофи сарзаминҳои паҳновари исломӣ ба шӯриш сар бароварданд ва фитнаҳо барпо карданд. Дар байнашон фирқаҳои мухталифе зуҳур карданд, ки ҳар як ба муносибати саркардаи худ номи ҷудогонае ба худ гирифт ва дар баъзе ақоид бо дастаҳои дигар ихтилофи назарҳо доштанд. Бо ин вуҷуд тамоми тавоифи хавориҷ Алӣ, Муъовия, Усмон, асҳоби Ҷамал, ҳакамайн ва ҳамаи онҳоеро, ки ба қазияи ҳакамият ризоят додаанд, кофир мешуморанд ва хуруҷ бар зидди халифа, имом ва султони золимро аз воҷиботи имонии худ медонанд. Хавориҷ амалро ҷузъи имон мегуфтанд ва яке аз ақидаҳои тундравонаи онҳо ин буд, ки гуноҳи кабираро бо куфр як медонистанд ва дар натиҷа аз касе гуноҳи кабирае сар мезад, ба ақидаи онҳо кофир мегардид ва ба қатли вай иқдом мекарданд.
Дар шумори машҳуртарин фирқаҳои хавориҷ метавон инҳоро ном бурд:
Хавориҷ ғолибан куштани занону кӯдакони мухолифони худро раво медонанд ва ба ин сабаб фитнаҳо ва ошубҳои эшон дар тӯли таърих ҳамеша бо куштору ғорат ҳамроҳ будааст. Хавориҷ ба хотири радди қазияи таҳким – ҳакамият муҳаккима ва бо истинод ба ояти 74 сураи Нисо, ки дар васфи муъминон воқеӣ омадааст, худро шурот – охиратхоҳ низ номидаанд.
Ин мақолаи хурд дар бораи ислом аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.