From Wikipedia, the free encyclopedia
Фон (Кӯҳҳои Фон), кӯҳсорест дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ. Аз водии дарёҳои Арчамайдону Киштӯд (дар ғарб) то водии дарёҳои Искандару Фон (дар шарқ) ба масофаи 45-50 км тӯл кашидааст. Кӯҳҳо асосан аз оҳаксанг, варақсанг, алевролит ва регсанг таркиб ёфтаанд, ки синнашон ба давраҳои силуру девон мансубанд. Дар кӯҳҳои Фон, махсусан дар қисми марказии он, қуллаҳои баланди нӯктез бисёранд;
Қуллаҳои баланд тамоми сол барфпӯшанд; дар нишебии онҳо пиряхҳои на чандон калон (Имат, Чимтарға ва ғайра) мавҷуданд. Ба туфайли ағбаҳои баланди Аловуддин, Қазноқ ва Амшут (беш аз 4000 м) аз водии Киштӯд ба водии Фон ва Искандаркӯл роҳи пиёдагард ҳаст. Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард мавҷуд аст, (Искандаркӯл, Кӯли Калон, Чуқурак, Ало, Аловуддин ва ғайра) мавҷуд аст, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегиранд. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғузор ё ҳафт кӯли нозанини водии Ҳафткӯл бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад.[2]
Аз Фон рӯдҳои бисёре ҷорӣ мешаванд (калонтаринашон Пасрӯд, Сарима, Арғ, Уреч, Амшут). Ҷо-ҷои нишебии кӯҳҳо арчазору алафзоранд. Дар дараҳо зарбед, зирк, настаран, қот, мушша (мушол), ғӯш, хома, чайтан, яхак ва ғайра мерӯянд.[3]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.