Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Турсунбой Аҳмáдов (Аҳмадов Турсунбой Абдуллоевич; тав. 3 январи 1949, деҳаи Қарақчиқум, ноҳияи Конибодом) — агрохимик – хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ (2004), узви вобастаи АИКТ (2009).
Аҳмадов Турсунбой Абдуллоевич | |
Таърихи таваллуд | 3 январ 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | кишоварзӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои кишоварзӣ |
Алма-матер | ИХҚТ (1971) |
Ҷоизаҳо |
Турсунбой Аҳмадов 3 январи соли 1949 дар деҳаи Қарақчиқуми ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Хатмкардаи ИХҚТ (1971).
Корманди хурди илмии Институти таҳқиқоти илмии зироат (1971–79), корманди илмии Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ (1979–81), ҷонишин (1981–84) ва сардори Сарраёсати меваву сабзавоти Вазорати меваю сабзавоти Тоҷикистон (1984–85), мудири шуъбаи технологияи парвариши сабзавоти Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ (1986–90), мудири шуъбаи сабзавоткорӣ (1990–92), ҷонишин ва директори Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Боғпарвар» (аз соли 1993).
Турсунбой Аҳмадов оид ба ривоҷи соҳаҳои боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, истифодаи нуриҳо, тухмипарварӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст. Турсунбой Аҳмадов ҳаммуаллифи навъҳои нави пиёз («Ҳисорӣ», «Акбарӣ»), помидор («Акбаралӣ», «Муаттар», «Дубара») ва лӯбиё («Истеъмолӣ») мебошад. Муаллифи 120 таълифоти илмию тавсияномаҳост.
Бо Ордени «Шараф» (1999) қадр карда шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.