From Wikipedia, the free encyclopedia
Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 № 958 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад[1].
Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонуни мазкур:
Ноҳияҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ тақсим шуда, метавонанд тобеи ҷумҳурӣ, вилоят ва ё шаҳр бошанд.
Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрӣ ва деҳотӣ ҷудо мешаванд.
Ба маҳалҳои шаҳрӣ, шаҳрҳо ва шаҳракҳо, ба маҳалҳои деҳотӣ деҳаҳо, новобаста ба тобеияти маъмурияшон, дохил мешаванд.
Шаҳрҳо метавонанд аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ё вилоятӣ дошта бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, 62 ноҳия[2], аз он ҷумла 4 ноҳия дар шаҳри Душанбе, 18 шаҳр, 62 шаҳрак, 370 ҷамоати деҳот ва 4223 деҳаро дар бар мегирад[3].
№ | Ном | Шумораи
ноҳияҳо |
Шумораи
шаҳрҳо |
Маркази маъмурӣ | Аҳолӣ, 01.01.2016[4] наф. |
Ҳудуд, км² |
Зичӣ, наф./км² |
---|---|---|---|---|---|---|---|
1 | Душанбе | 4 | 802 700 | 100 | 7887,00 | ||
2 | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 7 | 1 | Хоруғ | 217 400 | 64 200 | 3,30 |
3 | Вилояти Суғд | 14 | 8 | Хуҷанд | 2 511 000 | 25 400 | 94,70 |
4 | Вилояти Хатлон | 24 | 4 | Қурғонтеппа | 3 047 800 | 24 800 | 120,80 |
5 | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 13 | 4 | Душанбе | 1 972 300 | 28 600 | 67,20 |
Ҳамагӣ | 62 | 18 | 8 551 200 | 143 100 | 58,60 |
Нахустин ишораҳо дар бораи воҳидҳои ҳудудии замин, ки ниёкони тоҷик зиндагӣ мекарданд дар «Авасто» сабт шудааст. Ҳамин тавр, кишвар «даҳйу» (авестоӣ: «dahyu-», тоҷикӣ: деҳа) ном дошт ва аз чанд вилоят — «гава» (авестоӣ: «gava-») иборат буд, ки якчанд ҷамоат — «вис» (авестоӣ: «wīs-»)-ро муттаҳид мекард.
Ҳамзамон, «даҳйу» ба маънии ҳамон гуна «давлатчаҳое» буд, ки тибқи манбаъҳои ошурӣ, дар Мидия вуҷуд доштанд, яъне иттиҳодияҳои минтақавие будаанд, ки на ҳамчун давлат, балки ҳамчун ташкилотҳои бузурги қабилавӣ амал мекарданд. В. А. Лившитс ҳаққонӣ хотиррасон мекунад, ки даҳйу «пеш аз ҳама, мафҳуми ҳудудӣ ва ҷуғрафист, ки дар он умумияти этникӣ хеле зиёд аст, вале он ҳоло дар таркиби давлати ташаккулёфта воҳиди маъмурӣ нест».
Дар сари «даҳйу» «даҳйупати» (авестоӣ: «dahyu-pati-») меистод, «гава»-ро «гавапати» (авестоӣ: «gava-pati-»), «вис» — «виспати» (авестоӣ: «wīs-pati-») идора мекард[5].
Дар замонҳои баъдат сарзамини кунунии Тоҷикистон ба ҳайати Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо медоряд. Тамоми давлати Ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо (порсии бостон: xšaθra — шаҳр; форсӣ: شهر) тақсим гардида буд, ки онҳоро сатрапҳо (порсии бостон: xšaθrapāvan — шаҳрбон; порсии миёна: šatrap, форсӣ: شهربان) идора мекарданд.
Чи навъе ки Ҳеродот хабар медиҳад, дар аҳди Дорои I (522—486 то милод) шумораи ин қабил шаҳрҳо ба 20 мерасид[6]. Қаламрави ҳозираи Тоҷикистон ба таркиби сатрапии ХI дохил мешуд
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон то солҳои 20 асри 20 дар ҳайати Аморати Бухоро қарор дошт. Дар қаламрави имрӯзаи ҷанубу ғарбӣ ва марказии Тоҷикистон чунин бекиҳо вуҷуд доштанд: бекии Ҳисор – сарҳадди он аз дарёи Қаротоғ то Кофарниҳон (ғайри қисми поиноби дарё); бекии Қубодиён – поиноби дарёи Кофарниҳон; бекии Дарвоз – сарҳадди он аз дарёҳои Язгулом, Ванҷ то Обихингоб; бекии Қаротегин – сарҳадди он аз дарёҳои Муғсу ва Сурхоб то деҳаи Обигарм; бекии Балҷувон – сарҳадди он қисми болооби дарёи Сурхоб; бекии Қӯрғонтеппа – сарҳадди он аз қисми поиноби дарёи Сурхоб то соҳили рости Панҷи Миёна; бекии Кӯлоб – сарҳадди он аз дарёи Ёхсу ва Оби-Ниёв. Помири Ғарбӣ ба бекиҳои Рӯшон, Шуғнон ва қисман Вахон низ тақсим мешуд[7].
Марзҳои боқимондаи Тоҷикистон (вилояти Суғд ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар байни вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи Генерал-губернатории Туркистони Русияи подшоҳӣ тақсим шуда буд.
Ба ҳайати вилояти Самарқанд ноҳияҳои имрӯзаи Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ, Истаравшан, Деваштич, инчунин ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дохил мешуданд. Ноҳияи Ашт ба ду вилоят – Ашту Бободархон дохил мешуд, ки онҳо ба ҳайати уезди Намангон ва Конибодому Исфара ҳамчун вилоятҳои алоҳида ба уезди Хӯқанд итоат менамуданд ва якҷо бо Помири Шарқӣ ба вилояти Фарғона дохил буданд[7].
Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ тарзи нави тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ ва ноҳиябандӣ қабул гардид. Дар давраи Ҷумҳурии халқии шӯравии Бухоро (солҳои 1920–1924) шакли тақсимоти маъмурии сезинаӣ – вилоят, туман ва кент ҷорӣ гардид. Дар давраи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) (солҳои 1924–1929) ҳудуди маъмурии он ба шакли тақсимоти маъмурии дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ буд. Дар ин давра вилоят ва туманҳо ба округҳо иваз карда шуданд. Замони ба шакли ҷумҳурии иттифоқӣ гузаштан (соли 1929), Тоҷикистон тақсимоти округиро қабул кард ва аз округҳои Ҳисор, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ғарм, Панҷакент, Ӯротеппа, Хуҷанд ва ВМБК (ба ҳафт ноҳияи маъмурӣ тақсим мешуд) иборат буд. Соли 1936 мувофиқи Конститутсияи ИҶШС, дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шакли тақсимоти областҳо (вилоятҳо) қабул шуда, октябри соли 1939 чунин тақсимот дар ҶШС Тоҷикистон низ ҷорӣ гардид. Мувофиқи ин тарзи тақсимоти сиёсӣ-маъмурӣ, дар ҷумҳурӣ вилоятҳои Ленинобод (масоҳат 23,3 ҳазор км²), Сталинобод (24,1 ҳазор км²), Кӯлоб (10,6 ҳазор км²), Ғарм (19 ҳазор км²) ташкил ёфтанд. Ҳанӯз пеш аз ин тақсимот, моҳи январи соли 1925 Вилояти автономи (мухтор)-и Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ, 66,9 ҳазор км²) таъсис ёфта буд[7].
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) ва марҳилаи баъдиҷангӣ (то соли 1951) дар тақсимоти маъмурӣ-сиёсии ҷумҳурӣ тағйироте ба амал наомад. Аз соли 1951 сиёсати барҳамдиҳии вилоятҳо оғоз гардид. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Ғарму Кӯлоб ва соли 1962 вилояти Ленинобод барҳам хӯрда, шаҳр ва ноҳияҳои ба ин вилоятҳо тобеъбуда, минбаъд ба мақомоти давлатӣ мутамарказ шуданд, вале ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Бино бар ин, соли 1970 вилояти Ленинобод, соли 1973 вилояти Кӯлоб, баъдтар вилояти Қӯрғонтеппа (1977) ва чанде аз ноҳияҳои маъмурӣ барқарор карда шуданд[7].
Дар замони истиқлол вобаста ба сохтори сиёсию иқтисодии пешгирифтаи мамлакат масъалаҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идора дар мадди аввал меистоданд. Ҳалли ин масъалаҳо қисман такмил додани тақсимоти сиёсию маъмуриро талаб мекард. Аз ҳамин ҷиҳат, соли 1993 вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа муттаҳид карда шуда, номи вилояти Хатлонро гирифтанд[7].
Ҳоло ҷумҳурӣ вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 18 шаҳр (аз ҷумла 5 шаҳри тобеи ҷумҳурӣ, 13 шаҳри тобеи вилоят), 51 ноҳия (аз ҷумла 4 ноҳияи шаҳри Душанбе вуҷуд доранд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.