From Wikipedia, the free encyclopedia
Таронаи Алидӯстӣ бишнавед (форсӣ: ترانه علیدوستی; 12 январи соли 1984, Теҳрон, Эрон) — ҳунарпешаи эронӣ.
форсӣ: ترانه علیدوستی | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 12 январ 1984 (40 сол) |
Зодгоҳ: | Теҳрон |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, тарҷумон, бозигари синамо |
Корнома: | 2002 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 1267552 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тарона Алидӯстӣ дар 22 дайи 1362 дар Теҳрон мутаваллид шуд, падари ӯ Ҳамид Алидӯстӣ бозигари собиқи тими миллии футболи Эрон ва аз мураббиёни кунунии футбол аст. Модари вай Нодира Ҳакимилоҳӣ сангтарош ва муҷассамасоз аст. Тарона издивоҷ карда ва соҳиби як фарзанди духтар аст. Пӯён Алидӯстӣ танҳо бародараш буд, ки дар чаҳоршанбесуриии соли 83 ӯро аз даст дод[1].
Тарона Алидӯстӣ эълом карда, ки ба бемори «клаустрофобия» ё «тарс аз муҳити баста» мубтало аст ва ба ҳамин хотир наметавонд аз автобус ё метро истифода кунад[2][3]. Ӯ аз тарафдорон ҷараёни феминизм аст[4].
Тарона Алидӯстӣ дар давраи дабиристон, машғули таҳсил дар риштаи улуми таҷриби буд, ки дар класҳои бозигарии Амин Торх сабти ном кард. Соли 2002 аз тариқи ҳамин класҳо барои бозӣ нақши «Таронаи Парниён» дар филми «Ман Тарона, 15 сол дорам» интихоб шуд. Пас аз ин филм ӯ то соли 2005 дар ҳеч филме ҳузур пайдо накард.
Тарона Алидӯстӣ бозӣ дар арсаӣ театрро низ бо намоиш «Фанз» таҷриба кард. Соли 2002—2003 як давраи филмноманависӣ дар класҳои ҳавзаи ҳунарӣ гузаронд.
Вай дар филми «Аждаҳо ворид мешавад!» сохти Монӣ Ҳақиқӣ яке аз сармоягузорони филм мебошад[5].
Сол | Ном | Нақш | Шабака |
---|---|---|---|
2015-16 | Шаҳрзод (фасли аввал) | Шаҳрзоди Саодат | Film Net |
2017 | Шаҳрзод (фасли дуввум) | Шаҳрзоди Саодат | Film Net |
Сол | Ном | Нақш | Тавзеҳот |
---|---|---|---|
2002 | Ман Тарона, 15 сол дорам | Тарона | |
2004 | Шаҳри зебо | Фирӯза | |
2005 | Ҷамшед ва Хуршед | Хуршед | дублаи порсӣ |
2006 | Чаҳоршанбесӯрӣ | Рӯҳангез | |
2008 | Канъон | Мино | |
Ширин | Тпрона | ||
Тардид | Моҳтоб | ||
2009 | Дар бораи Эллӣ | Эллӣ | |
2010 | Ҳарчӣ Худо бихоҳад | Пармида | |
2011 | Зиндагӣ бо чашмони баста | Парасту | |
Интиҳои хиёбони ҳаштум | Нилуфар | ||
2012 | Пазироии сода | Лайло | |
2013 | Осмони зарди камумқ | Ғазал | |
2014 | Зиндагиии муштарраки оқои Маҳмудӣ ва Бону | Соноз | |
Модари қалби атомӣ | Орина | ||
2015 | Истироҳати мутлақ | Самиро | |
2016 | Фурӯшанда | Раъно |
Номи ҷашнвора | Сол | Тавзеҳот |
---|---|---|
Ҷашнвораи филми Везули Фаронса | 2014 | در کنار ترانه علیدوستی بریلنت مندوزا، فیلیپ چی، ونگ چائو هیئت داوران بینالمللی این جشنواره را تشکیل میدهند.همسر و دخترش حنا در این جشنواره در کنار او حضور داشتند. |
Ҷашнвораи филми Ҳанойи Ветнам | 2012 | ترانه علیدوستی بازیگر ایرانی به عنوان یکی از اعضای هیئت داوران به دومین جشنواره «هانوی» ویتنام میرود.علیدوستی از طرف دپارتمان سینمای ویتنام به عنوان یکی از اعضای هیئت داوران جشنواره دعوت شده است. |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.