From Wikipedia, the free encyclopedia
Сойбург (аз англ. cyborg (/ˈsaɪb[unsupported input]ɡ/), ихтисораи «cybernetic organism»), киборг — дар тибб — организми биологии дорои ҷузъҳои механикӣ ё электронӣ, дурагаи мошину инсон.
Консепсияи одам-мошин ҳамеша ҳамчун тасвире дар ривоят ва эҷодкорӣ мавҷуд буд, сар карда аз бузургҷуссаи сунъии Талос аз афсонаҳои юнонӣ то Ҳанси Оҳанин аз афсонаи бародарон Гримм бо ҳамон ном ба итмом мерасад. Дар адабиёти англис, асосгузори ғояи илмии шахсе, ки ҷузъҳои механикӣ дорад, Эдгар Аллан По ҳисобида мешавад. Дар ҳикояи «Марде, ки пора шуд» (1843), як афсари солхӯрдаро тасвир кардааст, ки дар вақти ҷанг бо ҳиндуҳо сахт захмӣ ва маҷрӯҳ шудааст (ба истиснои бадан, як даст ва сар) ва аз протезҳо иборат аст.
Афзоиши вобастагии шахс аз механизмҳо, инчунин иваз кардани узвҳо бо дастгоҳҳои механикӣ (протезҳо, имплантҳо) барои тадриҷан аз одам ба кирборг гузаштани организм мусоидат мекунад. Дар технология шахс худашро тарҳрезӣ мекунад, бино бар ин таҳаввулоти муштараки инсон ва технология дар киборг як раванди объективӣ мебошад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.