Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз ҷашнҳои асосии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад.

Thumb
Парчам ва нишони Тоҷикистон

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.[1]

22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.[2] Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд.

6 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Эзоҳ

Пайвандҳо

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.