Ритик Рошан

Ҳунарпешаи ҳинд From Wikipedia, the free encyclopedia

Ритик Рошан

Ритик Рошан (ҳиндӣ: ऋतिक रोशन, англ. Hrithik Roshan; тав. 10 январ 1974) — яке аз беҳтарин ҳунарпешаҳои Болливуд мебошад. Ӯ дар синамои Ҳинд нақшҳои бисёреро бозидааст ва бо маҳорати рақсияш шинохта шудааст. Инчунин Ритик яке аз ҳунармандони баландпардохт ба шумор меравад, ки то ин дам ҷоизаҳои зиёдеро бурд кардааст. Шаш маротиба бо мукофоти Filmfare Awards, 4-тояш барои Беҳтарин нақши Мардона, яктояш барои Беҳтарин Нақш ва дигарш барои Беҳтарин Ҳунарпеша қадрдонӣ шудааст.

Quick Facts Ритик Рошан, Ном ба ҳангоми таваллуд: ...
Ритик Рошан
англ. Hrithik Roshan
Thumb
Ном ба ҳангоми таваллуд: Hrithik Roshan
Таърихи таваллуд: 10 январ 1974(1974-01-10) (50 сол)
Зодгоҳ: Мумбай, Маҳороштра, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:  Ҳиндустон
Касб: Ҳунарпеша
Корнома: 1986 - то ҳол
Ҷоизаҳо: Filmfare Awards
IMDb: ID 0004335
hrithik.net
 Парвандаҳо дар Викианбор
Close

Ритик бо падараш зиёд ҳамкорӣ мекунад аз ҳамин сабаб ӯ солҳои 80-ум дар якчанд нақшҳои хурд нақши кӯдакро мебозид ва баъдтар дар чор филми падараш ҳамчун режиссёри дуюм шуда кор кардааст. Аввалин филме ки дар ӯ нақши марказиро бозидааст ин филми муваффақ ва серпардохти Бигӯ, ки дӯст медори (2000) (англ. Kaho Naa... Pyaar Hai) мебошад, барои ин нақш якчанд ҷоиза бурд намудааст. Намоишҳои ӯ соли 2000 дар филми Физа (англ. Fiza) , ки мавзӯъи терроризмро дорад ва соли 2001 дар филми мелодраммавии Ҳам дар ғам ва ҳам дар хурсандӣ (англ. Kabhi Khushi Kabhie Gham) Ритикро ба ҳамагон муаррифӣ намуданд аммо пас аз ин филмҳо якчанд филмҳои ӯро хуб қабул накарданд.[1]

Зиндагинома

Дар оилаи ҳиндуҳо ба дунё омадааст. Падари ӯ актёр ва коргардони ҳиндӣ Ракеш Рошан, амакаш композитор Раҷеш Рошан ва падари модараш режиссёр Ҷ. Ом Пракаш мебошанд.

Ритик дар кӯдакиаш аз сабаби печидани забон[2] ва намуди зоҳирии худ хеле азият мекашид - ӯ ду ангушти часпида (полидактилия) дар дасти росташ дорад. Дар 14-солагиаш, ӯ таҳти табобати вижа қарор гирифт ва тавонист аз мушкилоти забонӣ халос шавад.

Ритик мактаби Шотландии Бомбейро хатм карда, курси тиҷоратиро дар Коллеҷи Сиденҳам хатм кардааст[3][4].

Фаъолият

Бори аввал дар филм, Ритик ҳамчун кӯдак соли 1980 дар филми машҳури Aasha ​​бо Ҷитендра, Рина Рой нақш бастааст. Инчунин дар хурди дар филмҳои Aap Ke Deewane (1980) бо Ришӣ Капур, Ракеш Рошан ва Bhagwaan Dada (1986) бо Раҷникант, Дэннӣ Дензонгпа, Ракеш Рошан, Шридевӣ ва Сатиш Шоҳ ҳунарнамоӣ намудааст. Нахустнамоиши ӯ баъди бузург шудан соли 2000 дар филми падараш "Kaho Naa… Pyaar Hai" аст. Дар ин филм, Ритик нақши дукаратаро бозидааст: ӯ писари камбизоат, ки ба духтари сарватманд ошиқ мешавад, ки ҳамҷуфташро Амиша Пател бозидааст. Филм ҳунарпешаро ду ҷоизаи Filmfare Awards бурд кард: Беҳтарин дебют ва беҳтарин коргардон.

Ҳамон сол ду филми дигар бо иштироки ӯ бароварда шуд: "Дар ҷустуҷӯи бародар" (Fiza), бо Ҷая Баччан Баҳодурӣ ва Каришма Капур, нақши мусалмонеро, ки пас аз ошӯбҳои Бомбай дар солҳои 1992-1993 террорист шуда буд, мебозад ва "Амалиёт" Кашмир" (Mission Kashmir), бо ки дар он нақши сарбозро бозидааст, ки дар Кашмир адои хидмат мекунад. Дар ин филм ӯро Притӣ Зинта, Санҷай Датт ва Ҷекӣ Шрофф ҳамроҳӣ кардаанд. Ҳарду филм муваффақ гардид[5].

Соли 2001 филми "Хотираҳо" (Yaadein) рӯи навор омад, ки дар он ҷо бо Карина Капур, Ҷекӣ Шрофф ва Амриш Пурӣ бозӣ кард. Филм аз мунаққидон танқидҳои манфӣ гирифт ва дар дафтари дапомад ноком шуд. Барои Ритик, ин аввалин нокомӣ дар фаъолияти ҳунарияш буд. Худи ҳамон сол ӯ дар филми "Kabhi Khushi Kabhie Gham..." нақш бозида, писари хурдии оилаи сарватмандро, бозӣ кард. Дар ин мазҳака ҳунарпешаҳои маъруфи Болливуд, Шоҳруххон, Каҷол, Амитабҳ Баччан, Карина Капур, Ҷая Баччан Баҳодурӣ, Ранӣ Мукҳерҷӣ, Алок Натҳ ва Фарида Ҷалол ҳунарнамоӣ намудаанд. Филм муваффақияти тиҷорӣ гардид ва яке аз филмҳои муваффақтарин дар Ҳиндустон ва дар хориҷи кишвар бо фарогирии 1 миллиард рупия дар саросари ҷаҳон гардид[6].

Соли 2002 бо иштироки ӯ якчанд филмҳо бароварда шуданд. Аввал - "Aap Mujhe Achche Lagne Lage", ки дар он ҷо боз бо Амиша Пател бозӣ кардааст, дуюм - "Mujhse Dosti Karoge?", бо Карина Капур ва Ранӣ Мукҳерҷӣ- дар хориҷа муваффақ гардид, аммо дар кассаи Ҳиндустон ноком шуд. Филми сеюми Ритик дар он сол - "Na Tum Jaano Na Hum" (бо Сайф Алихон ва Эша Деол), низ ноком шуд ва пас аз он матбуот ба пешгӯии поёни фаъолияти ӯро шурӯъ кард[7][8]. Аммо дар соли 2003, ӯ вазъро бо филми "Koi... Mil Gaya" ислоҳ кард, ки дар он ҷо ҷавони рӯҳан бемор Роҳит Меҳру, ки бо сайёраи дигар дар тамос аст, бозӣ кардааст. Барои нақш Ритик 8 кг вазн партофтааст. Дар филм ӯ миёни ҳунарпешаҳои маъруф Рекҳа, Притӣ Зинта ва Ҷоннӣ Левер ҳунарнамоӣ намудааст. Филм муваффақтарин филм дар соли 2003 гардид, ки Ритик ҷоизаи Filmfare барои беҳтарин нақш ва беҳтарин ҳунарпешаро аз ҷониби мунаққидон гирифт[9].

Соли 2006, Ритик дар филми бадеии Крриш, ки идомаи филми "Koi... Mil Gaya" мебошад, ширкат варзид. Қабл аз сабти филм, Ритик барои омӯзиш ба Чин сафар карда буд. Филм муваффақ гардид[10]. Соли 2008 филми "Ҷодҳа ва Акбар" ба фурӯш бароварда шуд, ки дар он ӯ нақши Ҷалолуддин Муҳаммад Акбарро бо Айшвария Рай бозид. Барои сабти филм, ӯ мубориза бо шамшер ва асп савор шуданро ёд гирифт ва дар дарсҳои урду иштирок кард. Филм муваффақ гардид ва ба ӯ ҷоизаи чаҳорум Filmfare-ро барои беҳтарин ҳунарпеша ба даст овард.

Соли 2014, дар ремейки филми амрикоии Knight of Day, "Bang Bang!" (бо Катрина Каиф), нақш офаридааст, ки дар он Ритик як агенти махфии ботаҷрибаеро мебозид, ки нақша дорад террористро бо дуздии алмос, ки ӯ ҳадаф дошт, пайгирӣ кунад. Ҳангоми наворбардорӣ ҳунарпеша ҷароҳати сар бардоштааст, ӯ ҷарроҳӣ шудааст[11][12]..

Соли 2016, ӯ дар филми таърихии Mohenjo Daro як деҳқонро бозӣ кард, ки бо вуҷуди буҷаи калон доштанаш филм ноком шуд[13]. Дар филми "Kabil" соли 2017, Ритик як марди нобиноеро бозӣ кард, ки қасоси таҳқир ва марги занашро мегирад. Ба хотири сабти филм, ӯ чор рӯз худро дар як ҳуҷра даргиронд ва аз робита бо одамон худдорӣ кард[14]..

Ритик соли 2019 дар филми Super 30 нақши олим Ананд Кумарро мебозад, ки барномаеро мекушояд ва ба 30 донишҷӯи донишгоҳ технологӣ ройгон меомӯзад. Дар ин сол ӯ инчунин дар филми "War", бо Тайгер Шрофф нақши Кабирро бозидааст.

Ҳаёти шахсӣ

Соли 2000, ӯ бо Сюзанна Хон духтари коргардони филм Санҷай Хон хонадор шудааст ва дар ин издивоҷ ду фарзанд таваллуд шуд - писарон Реҳан (2006) ва Ридан (2008). Ритик ва Сюзанна 13 сол бо ҳам зиндагӣ карданд ва соли 2013 аз ҳам ҷудо шуданд[15][16].

Филмнома

More information Номгӯй, Сол ...
Номгӯй Сол Нақш Шарҳҳо Иқт.
Aasha 1980 Номаълум Намоиш дар суруди "Jaane Hum Sadak Ke Logon" [17]
Aap Ke Deewane 1980 Раҳим дар хурдӣ Намоиши хурд
Aas Paas 1981 Номаълум Намоиш дар суруди "Shehar Main Charchi Hai"
Aasra Pyaar Da 1983 Номаълум Полливуд
Намоиши хурд
Bhagwaan Dada 1986 Говинда [18]
Khudgarz 1987 Ёрдамчии коргардон
King Uncle 1993 Ёрдамчии коргардон
Karan Arjun 1995 Ёрдамчии коргардон [19]
Koyla 1997 Assistant director
Kaho Naa... Pyaar Hai 2000 Роҳит/Раҷ Чопра [20]
Fiza 2000 Амон Икромуллоҳ [21]
[22]
Mission Kashmir 2000 Алтаф Хон [23]
Yaadein 2001 Ронит Малҳотра [24]
Kabhi Khushi Kabhie Gham... 2001 Роҳан Райчанд [25]
[26]
Aap Mujhe Achche Lagne Lage 2002 Роҳит [27]
Na Tum Jaano Na Hum 2002 Раҳул Шарма [28]
Mujhse Dosti Karoge! 2002 Раҷ Ханна [29]
Main Prem Ki Diwani Hoon 2003 Прем Кишен Матҳур [30]
Koi... Mil Gaya 2003 Роҳит Меҳра [31]
Lakshya 2004 Каран Шергилл [32]
[33]
Krrish 2006 Кришна Меҳра ва Роҳит Меҳра[I] [34]
[35]
Dhoom 2 2006 Арян/Ҷаноби А [36]
I See You 2006 Номаълум Намоиш дар суруди "Subah Subah" [37]
Om Shanti Om 2007 Худаш Намоиши махсус [38]
Jodhaa Akbar 2008 Ҷалолуддин Моҳаммад Акбар [39]
Krazzy 4 2008 Номаълум Намоиш дар суруди "Krazzy 4" [40]
Luck by Chance 2009 Заффар Хон [41]
Kites 2010 Ҷай Сингҳания Сарояндаи пасикадрӣ дар суруди "Kites in the Sky" [42]
[43]
Guzaarish 2010 Этан [43]
[44]
[45]
Zindagi Na Milegi Dobara 2011 Арҷун Салуҷа [46]
[47]
[48]
Don 2 2011 Дон Намоиши махсус [49]
Agneepath 2012 Виҷай Динанатҳ Чауҳан [50]
[51]
Main Krishna Hoon 2013 Худаш Намоиши хурд [52]
Krrish 3 2013 Кришна Меҳра ва Роҳит Меҳра[I] [53]
[54]
Bang Bang! 2014

Раҷвир Нанда/Ҷай Нанада

[55]
[56]
Hey Bro 2015 Худаш Намоиши махсус дар суруди "Birju" [57]
Mohenjo Daro 2016 Сарман [58]
Kaabil 2017 Роҳан Бҳатнагар [59]
Hrudayantar 2017 Худаш Синамои Маротҳӣ
Намоиши хурд
[60]
Super 30 2019 Ананд Кумар Инчунин сарояндаи пасикадрӣ дар суруди "Question Mark" [61]
War 2019 Кабир [62]
Close

Ҷоизаҳо

More information Ҷоизаҳо, Мукофот ...
Ҷоизаҳо
Мукофот Категория Филм Сол Иқтибосҳо
Filmfare Awards Беҳтарин нахустнамоиши мардона Kaho Naa… Pyaar Hai 2000 [63]
Беҳтарин нақши мардона [64]
Koi… Mil Gaya 2003 [9][65]
Беҳтарин нақши мардон бо ақидаи мунаққидон [9][66]
Беҳтарин нақши мардона Dhoom:2 2007 [67]
Jodhaa Akbar 2009 [68]
IIFA Awards Беҳтарин нақши мардона Kaho Naa… Pyaar Hai 2001 [69]
Koi… Mil Gaya 2003 [70]
Samsung Style Icon 2005 [71]
Glamorous Star 2007 [72]
Беҳтарин нақши мардона Krrish
Jodhaa Akbar 2009 [73]
Star Screen Awards Умедбахши навтарин Kaho Naa… Pyaar Hai 2000 [74]
Беҳтарин нақши мардона
Беҳтарин нақши мардона Koi… Mil Gaya 2003 [65][75]
Krrish 2006 [76]
Jodhaa Akbar 2008 [77]
Zee Cine Awards Беҳтарин ҳунарпешаи навин Kaho Naa… Pyaar Hai 2001 [78]
Беҳтарин нақши мардона [79]
Koi… Mil Gaya 2004 [80][81][82]
Krrish 2007 [83]
Guzaarish 2011 [84]
Stardust Awards Беҳтарин нақш барои таҳягарон Lakshya 2004 [85]
Ситораи сол Jodhaa Akbar 2009 [86]
Беҳтарин нақши Мардон дар мазҳака Guzaarish 2011
Zindagi Na Milegi Dobara 2012 [87]
Agneepath 2013 [88]
Sansui Awards Беҳтарин нақши мардона Kaho Naa… Pyaar Hai 2000 [89]
Беҳтарин нақши мардона Koi… Mil Gaya 2003 [65]
Close

Нигаред низ

Феҳристи ҳунарпешагони Ҳиндустон

Эзоҳ

Иқтибосҳо

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.