Раҷаб Ҳусейнов (Ҳусейнов Раҷабалӣ Мамедович; 15 августи 1941, Душанбе26 марти 2022, Санкт-Петербург, Русия) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик. Узви Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ва ИҶШС (1980). Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2001),[1]

Quick Facts Раҷаб Ҳусейн, Таърихи таваллуд: ...
Раҷаб Ҳусейн
Ҳусейнов Раҷабалӣ Мамедович
Таърихи таваллуд: 15 август 1941(1941-08-15)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 26 март 2022(2022-03-26) (80 сол)
Маҳалли марг:
Касб: ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0452039
Close

Зиндагинома

Соли 1964 Институти театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро хатм намуда, дар Театри Лоҳутӣ то соли 1998 ба сифати актёр ҳунар озмуд, аз соли 1998 актёри Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский мебошад. Дар қариб шаст спектакл, аз қабили «Гамлет», «Шаби гирифтани моҳ», «Рустам ва Суҳроб», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанон», «Маро тарк макун», «Сарбозони инқилоб», «Шаби охирини Суқрот» нақшҳои хотирмон бозидааст.

Саҳм дар синамо

Thumb
Когардон Суҳбат Ҳомидов ва Раҷаб Ҳусейнов

Дар «Тоҷикфилм», киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. «Қиссаи зиндони Павиак», «Чор дарвеш», «Ситораи Улуғбек», «Ҷумъаи ҳафтум», «Хӯҷаини об», «Робита», «Субҳи Ганг», «Тӯфон дар водӣ», «Ман — сарҳад», «Гаравгонон», «Сарҳади ором», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Себ аз ҷаннат», филми бисёрқисматаи телевизионии «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» намунае аз қариб панҷоҳ филманд, ки номбурда дар онҳо образҳои гуногун офаридааст. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ ниҳоят калон аст.

Даргузашт

Раҷаб Ҳусейнов дар 80-солагӣ дар рӯзи 26 марти 2022 дар шаҳри Санкт-Петербург даргузашт[2].

Эзоҳ

Адабиёт

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.