From Wikipedia, the free encyclopedia
Рауф Баротов (10 октябри 1921, деҳаи Себахшаи ноҳияи Конибодом — 14 январи 2013, Душанбе) — геолог ва маъданшиноси маъруфи тоҷик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1968), доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1967). Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1921 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 январ 2013 (91 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | заминшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Рауф Баротов 10 октябри соли 1921 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Хатмкардаи Техникуми педагогии шаҳри Конибодом (1937) ва факултети геологияи Университети давлатии Осиёи Миёна (1945). Аспиранти факултети геологияи Университети давлатии Осиёи Миёна (1945-1948), ходими илмӣ ва мудири сектори петрография ва канданиҳои фоиданок (1949-1953), директори (1953-1959) Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон, академик-котиби шуъбаи фанҳои физикаю математика ва геологияю кимиё (1959-1976), ноиб-президенти (1975-1984) АИ ҶШС Тоҷикистон Аз соли 1988 раиси ифтихории Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон ва мушовири Президенти АИ ҶТ буд.
Рауф Баротов мутахассиси намоён ва забардасти соҳаи геология, петрология ва металлогенияи Тоҷикистон, муаллифи бештар аз 500 корҳои илмӣ, аз ҷумла 24 рисола аст. Китобҳои ӯ ба сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Рауф Баротов нақшаи пайдоиши маҷмӯъи магмавии Тоҷикистон кор карда, петрологияи онҳо омӯхта шудааст. Ӯ нақшаи муфассали ноҳиябандии металлогении Тоҷикистони Марказиро пешниҳод карда, барои ҷустуҷӯи кони филиззҳои нодир на танҳо тавсияи амалӣ додааст, балки дар иктишофи ганҷҳои нодир солиёни зиёд бевосита иштирок кардааст. Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология дар Тоҷикистон мебошад.
Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (1970). Бо ордени «Дӯстии халқҳо», 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 5 медал, нишони тилоии Конгресси байналмилалии геологҳо сарфароз гардидааст.
Ба номи ӯ маъдани «Баротовит» номгузорӣ шудааст. Рауф Баротовро Институти биографияи ИМА ду маротиба «Одами сол» интихоб кардааст. Дар ситоиши ӯ адибони гуногунзабони дунё китобҳо, қиссаю достон, шеър ва очеркҳои ҳуҷҷатӣ навиштаанд. Дар даромадгоҳи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тахтасанги хотиравии Рауф Баротов гузошта шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.