From Wikipedia, the free encyclopedia
Рамзи мушаххаси субъекти худидоракунӣ (олмонӣ: Amtlicher Gemeindeschlüssel) — пайдарпаии ададист, ки барои муайян кардани мушаххасоти худидоракунии баъзе кишварҳо (Олмон, Австрия, Швейтсария) истифода мешавад.
Инчунин системаҳои дигаре ҳастанд, ки барои муайян кардани минтақаҳо истифода мешаванд (индекси почта, NUTS).
Дар Олмон рамзҳои мушаххаскунӣ асосан барои мақсадҳои оморӣ истифода мешаванд ва аз ҷониби идораҳои омори заминӣ дода мешаванд.
Рамзи мушаххас дар Олмон аз 8 рақам иборат аст. Ду рақами аввал заминро нишон медиҳад, сеюм — ноҳияи маъмурӣ. Дар он заминҳое, ки ноҳияҳои маъмурӣ нестанд, рақами сеюм 0 аст (ба истиснои заминҳои Райнланд-Пфалс, Саксония-Анҳалт ва Саксонияи Поёнӣ, ки ин равияро ба наздикӣ барҳам дода буданд). Рақамҳои чорум ва панҷум ҳавза (шаҳристон) ё шаҳри тобеи замин, шашум, ҳафтум ва ҳаштумро нишон медиҳанд — субъекти воқеии ҳокимияти маҳаллиро нишон медиҳанд.
08 1 11 000 — Штуттгарт
05 1 58 004 - Эркрат
Заминҳои федералӣ аз шимол ба ҷануб (1-9), бо тартиби хронологии ҳамроҳшавӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Германия (10) ва бо тартиби алифбо (11-16) рақамгузорӣ карда мешаванд.
Рамзи мушаххас дар Австрия аз 5 рақам иборат аст. Рақами аввал замини федералиро нишон медиҳад (бо тартиби алифбо), дуюм ва сеюм – ҳавза (шаҳристон), чорум ва панҷум — субъекти воқеии ҳокимияти маҳаллиро.
3 25 21 — Раппоттенштайн
9 07 01 — Вена, 7. Нойбау
Рамзҳои мушаххас дар Швейтсария, ки аз ҷониби Идораи омори Швейтсария бароварда мешаванд, аз як то чор рақам мебошанд ва мувофиқи тартиби расмии кантонҳо, ҳавзаҳо ва ҷамоатҳо пай дар пай таъйин карда мешаванд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.