From Wikipedia, the free encyclopedia
Панҷрӯд — деҳа дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент. Аз Панҷрӯд то маркази шаҳр 53 км. Аҳолиаш 3077 нафар (2017), тоҷикон. Ин деҳа зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад[1].
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Рӯдакӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3077 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3475 |
|
Уреҷ, ки сароби Зарафшон аст, маҳз аз кӯҳҳои азими Чимтарға поён мешаваду аз байни Панҷрӯд мегузарад. Номи деҳа ба панҷ рӯд доштани он шаҳодат медиҳад, аммо ҳоло аз ин рӯдҳо осоре намондааст. Ҳикоят мекунанд, ки аз ҷониби Сои Нова як рӯд поён мешудаст, ки имрӯз ҳам аз он ба қадри як ҷумаки офтоба об ҷорист. Наҳри дигаре дар Даҳони Ноч будаст, ки ҳоло ҳам об дорад. Рӯди сеюм аз Шахи Сиёҳ поён мешудасту деҳаро аз мавзеъҳои тобистоннишин ҷудо мекардаст. Рӯди чорум аз пушти кӯҳи Ковона фуромада ба дарёи асосӣ – Уреҷ ҳамроҳ мешудаст, ки он дар сарҳади Артуч ҷойгир аст. Рӯди панҷум ва албатта асосӣ, балки рўди якум Уреҷ аст. Ҳамаи ин наҳрхо об доранд, аммо мисли як чашмае ҳастанд, агар Уреҷ набошад, онҳоро шояд наҳр ҳам гуфтан мумкин набошад. Мардумони Панҷрӯд аслан дар ду соҳили рӯди Уреҷ зиндагӣ мекунанд. Дар соҳили чапи рӯд маҳалҳои Сойи Нова, Миёнаи Ҳаёт, Қалъаи Кӯҳна, Сари Пулак, Роҳи Боло ва дар соҳили рост бошад маҳали Уффор, Қади Дарё, Боғи Рӯдакӣ, Сучот, Роҳи Поён ҷойгир шудаанд.
Замоне дар Офтобрў деҳае будааст, ки онро Уффор мегуфтаанд ва шояд Рӯдакии Уффорӣ (ин тахаллусро бори аввал овозхони бисёр донишманд, донандаи хуби Шашмақом Фурқати Саид истифода кардааст, ки мегуфт: “Уффари ороми ҷон” аз мавзеи Уффори Панҷрӯд гирифта шудааст) маҳз аз ҳамин мавзеъ бошад.
Абдураҳмони Мустаҷир ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба Панҷрӯд низ сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркӯл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрӯд чунин менависад: «Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба он қишлоқ рафта, дар як чорбоғе фуромада, шаб хоб карда, пагоҳирўз хеста, дидем, ки бисёр ҷои васеи файзосор ва чаҳорбоғи бисёр дорад. Зардолу ва себ ва олуча ва чормағз ва зироати бисёре дорад, мисли гандум ва ҷав ва зағир ва боқило ва арзан ва қуноқ. Панҷ санги осиёб ва се масҷид доштааст. Мардуми он қишлоқ миқдори сад хонавор. Ва ҷои ободе будааст. Ба он ҷой ҳам оташ заданд. Ва он қишлоқро Панҷрӯд мегўянд, аз он сабаб, ки сари ҷӯй аз панҷ ҷо будааст». Ин тасвири Мустаҷир то ҳол боқӣ мондааст, чун Панҷрӯд ҳоло ҳам макони файзосор ва чорбоғҳои зиёде дорад.
Ҳоло дар деҳа зиёда аз 600 хонавода зиндагӣ ва фаъолият доранд. Ҳар хонадори ин мулк соҳиби боғу роғ аст, ки бисёр ҷои бофароғат ва зебост. Боғҳо аз зардолу, себ, нок, олуча, чормағз ва дигар дарахтони мева иборатанд ва дар кӯҳҳо дарахтони худрўи хасакии себу писта ва зирку ҳулӯлу вағнич зиёданд. То солҳои наздик тамоми аҳолии Панҷрӯд рисқашонро аз боғдорӣ медиданд. Қисми зиёди аҳолии қобили кор дар Русия кору фаъолият менамоянд (мавсимӣ). Даромади мардуми деҳа аз ҳисоби маблағҳои пулии муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Панҷрӯд ба адабиёт ҳамчунин Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло, шоири ширинсухан Нақиб Саид ва нависандаи хушқалам Қодири Рустамро додааст. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ низ зодаи Панҷрўд аст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.