From Wikipedia, the free encyclopedia
Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонов, ш. Кӯлоб — яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Таълимгоҳ дар Тоҷикистон – шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст.
Номҳои пештара | Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Кӯлоб |
---|---|
Соли асосгузорӣ | филиал дар соли 1989, омӯзишгоҳ дар соли 1991 |
Азнавташкилшавӣ | ба коллеҷ |
Соли азнавташкилшавӣ | 2004 |
Навъ | санъати мусиқӣ |
Макон | Тоҷикистон, ш. Кӯлоб, кӯчаи И. Сомонӣ |
Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Кӯлоб соли 1989 ҳамчун филиали омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе таъсис ёфта, соли 1991 чун омӯзишгоҳи мусиқии ш. Кӯлоб мустақил гардид ва бо Қарори Ҳукумати ҶТ соли 2004 ба Коллеҷи санъати ба номи К. Қурбонов, ш. Кӯлоб табдил дода шуд.
Коллеҷи санъати ш. Кӯлоб дар бинои зебо ҷойгир буда, дорои 18 синфхона, толори консертӣ бо 80 ҷои нишаст, 1 синфхонаи компютерӣ, китобхона ва қироатхона мебошад. Дар Коллеҷи санъати ш. Кӯлоб 6 шуъба (2012) амал мекунад: шуъбаи иҷрокунандаи созӣ (ғижак, най, рубоб, дутор, аккордеон, созҳои зарбӣ), фортепиано, рассомӣ (омӯзгор, наққош), китобдорӣ, санъати актёрӣ ва сарояндагӣ. Айни ҳол (2012) дар Коллеҷи санъат 231 нафар хонанда таълим мегиранд (126 нафар-рӯзона, 105 нафар-ғоибона), 41 нафар мутахассисони касбӣ (24 нафар коркуни асосӣ, 17 нафар ҳамкор) кору фаъолият доранд. 2 нафар хатмкардагони коллеҷ бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» (Хайринисо Ватанова, М. Орзӯев) сарфароз гардидаанд. Дар тӯли ин солҳо 450 нафар мутахассисон омӯзишгоҳи мусиқиро хатм намудаанд. Аз ҷумла 6 нафар хатмкардагони Коллеҷи санъат Консерваторияи миллиро хатм карда, ба ҳайси омӯзгор кор карда истодаанд (М. Эгамбердиев, Г. Ҳасанова, Н. Саидов, Ш. Алихонов, Ш. Сарахон). Ҳамчунин 5 нафар омӯзгори Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонов бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр карда шудаанд.[1]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.