Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Сино — ҳам аз ҷиҳати ҳудуд ва ҳам аз ҷиҳати аҳолӣ калонтарин ноҳия ва яке аз чаҳор ноҳияҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | Душанбе |
Раиси ноҳия | Саидзода Тоҷиддин Ниёз (аз 2023)[1] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 21.11.2003 |
Масоҳат | 62,24 км² (30,5 %, 1-ум ҷой) |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 326 100 нафар (2019)(38,5 %, 1-ум ҷой) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Соли 2019 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 326100[2] нафар истиқомат мекарданд.
Ин ноҳия замони таъсисёбиаш Фрунзе ба шарафи инқилобчӣ Михаил Фрунзе номгузорӣ шуда буд ва бо ин ном то соли 2003 шинохта мешуд. Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, № 463 аз 21 ноябри соли 2003 ин ноҳия ба шарафи Ибни Сино ноҳияи Сино номгузорӣ шуд.
Ноҳияи Сино қисмате аз маркази шаҳри Душанбе ва манотиқи ғарбии онро дар бар мегирад, бо ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамсояги қарор дорад. Қисми зиёди ҳудуди ин ноҳия ғарбтар аз дарёи Варзоб ҷойгиранд. Ноҳияи Сино аз шаҳракҳо бо биноҳои баландошёнаи истиқоматии дар замони шӯравӣ бунёд ёфта иборат аст. Вале хонаҳои хусусии як ошёна низ ин ҷо кам нестанд, масалан дар Деҳи боло, ки дар шафати хиёбони Исмоили Сомонӣ ва маркази шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.
Ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳракҳои № 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 34, 82, 84, 88, 91, 101, 102, 103, 104, 112 ва маҳаллаҳои Меҳробод, Панҷрӯд, Деҳи боло, Навобод, Авасто, Қазоқон, Лучоб, Ҳаёти Нав, Зарафшон, Зарафшон-2, Яккачинор, Гулистон, Деҳотӣ, Буни Ҳисорак, Испечак, Испечак-2, Гулбутта ва ғ. дохил мешаванд.
Дар минтақаи ноҳияи Сино истгоҳҳои роҳи оҳани Текстил, 4679 километр, Комбинати равғанбарорӣ ва Душанбе II ҷойгиранд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.