From Wikipedia, the free encyclopedia
Новӣ (форсӣ: ناوی) — поинтарин ва нахустин дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе пойинтар аз сарновӣ дорад ва баробар бо сарбоз дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].
Дараҷаи пойинтар: — |
Новӣ |
Дараҷаи болотар: Сарновӣ |
«Новӣ» (форсӣ: ناوی) ба маънои «сарбози нерӯи дарёӣ; сарбозе, ки дар нерӯи дарёӣ хидмат мекунад» сифати нисбӣ аз нов (форсӣ: ناو > порсии миёна: nāv- > порсии бостон: nāvam- ‘киштӣ’)[2] аст. Ин истилоҳро Фарҳангистони забони Эрон соли 1935 ҷойгузини «сарбози нерӯи дарёӣ» кардааст[3].
Дар нерӯи дарёӣ сарбозеро новӣ мегӯянд, ки зери дасти фармондеҳ хидмат мекунад ва поинтарин рутбаи низомиро дорад[4]. Ин дараҷа дар нерӯҳои дарёии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон 1 — 3 рутба — новии севум, новии дувум, новии якум — дорад, ки баробар бо дараҷаҳои НАТО OR-1 — OR-3 ҳастанд.
Дараҷаи «новӣ» соли 1946 дар Артиши Шуравӣ ҷойгузини дараҷаи «аскари сурх» шуда, ки он соли 1918 дар Артиши Сурх ҷорӣ шуда ва 22 сентябри 1935 ҳамчун понтарин дараҷаи шахсии сарбозӣ пазируфта шуда буд[5].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.