From Wikipedia, the free encyclopedia
Новдор якум (форсӣ: ناودار یکم) — дараҷае афсарёрӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новдор дувум ва пойинтар аз новбон севум дорад ва баробар бо размсоз дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст.
Дараҷаи пойинтар: Новдор дувум |
Новдор якум |
Дараҷаи болотар: Новбон севум |
| ||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: ناودار یکم | |||
Кишвар | Русия | |||
Дараҷаи болотар | Новбон севум | |||
Дараҷаи пойинтар | Новдор дувум | |||
Ҳамто |
«Новдор» ба маънои «киштибон» аст[1] ва аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: нов (форсӣ: ناو > порсии миёна: nāv- > порсии бостон: nāvam- ‘киштӣ’[2] + -дор (< порсии миёна: *dār > порсии бостон: *dār(a)- > эронии бостон: *dārai̯a- «доштан; доранда»[3]), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳдоранда»-ро мерасонад[4]. Ин пасванд дар вожасозии низомӣ аз куҳантарин замонҳо ба кор меравад. Чунончи, дар забони эронии бостон «*kāra-daranaka-» ‘дорандаи сипоҳ, сипаҳдор’ [3], дар паҳлавӣ: «tagm(a)dār» ва дар форсӣ: «сипаҳдор» ва «лашкардор» бо ҳамин пасванд сохта шудаанд.
Новдор ҳамчун дараҷаи афсарёрӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва ду рутба дорад[5]. Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «новустувор» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда ва ду рутба дорад[6]:
Ҳамтои дараҷаи «новдор якум» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «мичмани калон» (русӣ: старший мичман) буд, ки соли 1981 ҷорӣ шуда буд[7].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.