From Wikipedia, the free encyclopedia
Нишони Ҳолливуд (англ. Hollywood Sign) — нишони машҳури хотиравӣ дар теппаи Ҳолливуди Лос-Анҷелес, Калифорния. Калимаи «HOLLYWOOD» (номи маҳал) бо ҳуруфи калони рангашон сафед дар теппа насб шудааст. Нишон соли 1923 ҳамчун таблиғот (реклама) сохта шуд. аммо тадриҷан ин нишон шуҳрати зиёд касб кард ва нишони фирмавии санъати синамои ИМА гардид. Нишон дар нишебии ҷанубии теппаи Маунт Ли, дар баландии 491 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ҳар як ҳарфи ин нишон 9 м паҳно, 15 м баландӣ ва дорои 4 ҳазор чароғча (лампочка) мебошад.
Нӯҳ сарпараст 27 777 долларро барои барқарор кардани аломат дар соли 1978 ҳадя карданд:
Беиҷозат тағйир додани нишон манъ аст. Бо вуҷуди ин, якчанд маротиба тағйир ёфт, то ки ҳамеша таваҷҷуҳи бештари ҷамъиятро ҷалб кунад. Дар зер баъзе аз чунин тағйирот:
Тақрибан дар соли 2000 Департаменти пулиси Лос-Анҷелес барои амнияти нишони Ҳолливуд низоми бехатарӣ ҷорӣ карда, дар атрофи нишон камераҳои назоратӣ насб намуд. Дар ҳолате, агар ягон кас дар масофаи камтар аз 50 ярд (45,72 метр) ба нишон наздик шавад, занги ҳушдор ба кор даромада пулис даъват карда мешавад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.