From Wikipedia, the free encyclopedia
Асфандиёрова Наиля Сайфуллоевна (зод. 2 декабри 1951, Душанбе) — иммунолог, доктори илми тиб (1989), узви вобастаи АИ ҶТ (1991). ИДТТ ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1974). Ординатори кафедраи терапияи госпиталии ҳамин институт (1974—1976). Корманди ИГЭ-и АИ ҶТ (1976—1977), аспиранти факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Тарту (Эстония; 1977—1980), ходими хурд, калон, сарходими илмӣ (1980—1988) ва мудири лабораторияи иммунологияи Институти гастроэнторологияи АИ ҶТ (1988—1993). Ҳоло дотсенти ДДТ-и Рязан ба номи академик И. П. Павлов мебошад. Муаллифи тақрибан 150 асари илмӣ, 2 кашфиёт, 3 навоварӣ ва 3 дастури методист. Оид ба иммунология, бемориҳои ҷигар, таъсири шароб ба фаъолияти ҷигар, инчунин роҳҳои муолиҷаи бемориҳои музмини ҷигар пажӯҳишҳои муҳим анҷом додааст.[1]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.