From Wikipedia, the free encyclopedia
Муҳтарама Хонсуварова (Хонсуварова Муҳтарама Ҷалиловна; 1917, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 7 апрели 1990, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — муаррих, номзади илмҳои таърих (1952), дотсент (1960).
Хонсуварова Муҳтарама Ҷалиловна | |
Таърихи таваллуд | 1917 |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 7 апрел 1990 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Соли 1940 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1940—1941 лаборанти калон, 1941—1943 аспиранти кафедраи таърихи ИҶШС-и донишкадаи номбурда, 1944—1947 мудири кафедраи таърихи ИҶШС-и мактаби ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 1947—1949 муаллими калони кафедраи таърихи ИҶШС, 1949—1952 декани факултети таърих, 1953 дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС, 1954 декани факултети таъриху география, 1955—1957 декани факултети таърих, 1957—1963 мудири кафедраи таърихи ИҶШС, 1963—1990 дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Муаллифи як силсила мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои иштироки занони Тоҷикистонро дар иҷрои нақшаи панҷсолаи якум (1928—1933) баррасӣ кардааст.
Бо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1967), нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Аълочии мактаби олии ИҶШС» қадр карда шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.