From Wikipedia, the free encyclopedia
Муҳандис (ар. مهندس), инженер (фр. ingénieur ← аз лот. ingenium — маҳорат, эҷодкорӣ) — касест, ки талош мекунад як сохтори амалиётӣ ва амалӣ аз мафҳумеро эҷод кунад ва дар яке аз риштаҳои муҳандисӣ омӯзиш дида бошад ё ба таври ҳирфаӣ дар он ришта машғул ба кор бошад.
Муҳандис мутахасисе мебошад, ки корҳои муҳандисиро иҷро мекунад; тарҳрезӣ, истеҳсол, таъмири техникии равандҳо ва таҷҳизотҳои механикӣ. Муҳандис, коргари ихтисосманд ва кордоне мебошад, ки маълумоти касбии техникӣ дорад ва ба хидматрасонию таъмири техникаю асбобҳо машғул аст. Масалан: муҳандис-механик, муҳандис-тарроҳ ва ғ. Муҳандис аз рӯи қоида ба ҳама равандҳо, сохтҳои техникӣ, ки ба корҳои муҳандисию механикӣ дохил мешаванд, сару кор мегирад; тадқиқотҳо, банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, конструксиясозӣ, коркарди технологияи маснуот, омодасозии хуҷҷатҳои техникӣ, истеҳсол, бакордарорӣ, санҷиш, таъмиру тармим, хидматрасонии техникӣ, назорати сифат ва идораи техникаю таҷҳизотҳои техникӣ. Кори асосии муҳандис аз он иборат аст ки, коркарду навоварӣ карда, ҳалли масъалаҳои мавҷуд будаи муҳандисиро иҷро менамояд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.