Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сосиалистӣ (Иттиҳоди Шуравӣ, ИҶШС; русӣ: Союз Советских Социалистических Республик, СССР) — кишваре буд, ки дар солҳои 19221991 дар бахши бузурге аз шарқи Аврупо ва шимоли Осиё вуҷуд дошт.

Quick Facts
Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сосиалистӣ
Союз Советских Социалистических Республик
30 декабр 1922[1][2] 26 декабр 1991


Thumb Thumb
Дирафш Нишон[d]
Гимн
Thumb
Пойтахт Маскав
Забон(ҳо) русӣ
Воҳиди пул Soviet ruble[d]
Майдон
  • 22 402 200 км² (1991)
Аҳолӣ
  • 293 047 571 тан (1989)
Шакли ҳукмронӣ ҷумҳурии шӯравӣ[d], Ҷумҳурии порлумонӣ, single-party system[d], federation[d] ва communist dictatorship[d]
Close

Таърих

Давлати Шуравӣ: Инқилоби солҳои 1905 – 1917, ҷанги шаҳрвандӣ, ташкили давлати Шуравӣ, ки аз октябри соли 1917 то охири 1991-ум сол вуҷуд дошт. Буҳрони ҷамъиятие, ки дар Русия сар зада буд ба шикоф миёни ҳукумату ҷомеа ва баъдтар ба шӯришҳои солҳои 1902 - 1905 оварда расонд. Гарчанде, ки ин шӯришҳо бебарор буду ба ивази ҳукуматдорон оварда нарасонд, лекин ин шӯришҳо инқилоберо ба бор овард, ки дар соли 1917 рух дод.

Ширкати Русия дар Ҷанги ҷаҳонии якум (1914 – 1918), ба гаронии нархҳо дар бозор, камбуди коло ва ҳамчунин ба гуруснагии аҳолӣ оварда расонд, дар натиҷа зимистони соли 1917 буҳрони сиёсӣ тезу тундтар гашт. Феврали соли 1917, шӯриши мусаллаҳонае, ки дар Санкт-Петербург шуда буд, ба даст кашидани Николайи II аз тахт оварда расонд, ки ба ҷои ӯ акнун кишварро Ҳукумати муваққатӣ идора мекард. Аммо дар натиҷаи шӯриши моҳи октябри соли 1917 ба сари ҳукумати Русия болшевикон (РСДРП(б) омаданд (сипас РКП(б), ВКП(б), КПСС - Ҳизби Коммунистии Русия (Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ) бо раҳбарии В. И. Ленин). Пас аз 3 соли ҷанг бо душманони дохиливу хориҷӣ болшевикон тавонистанд ҳокимиятро дар қаламрави пешини Подшоҳии Русия ба даст оваранд.

Дар натиҷаи Инқилоби Октябрии соли 1917 дар Русия ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1917 – 1923) рух дод, ки дар воқеъ ҷанге буд барои ба даст овардани қудрат миёни болшевикҳо (артиши “сурхҳо”) ва мухолифони онҳо (артиши “сафедҳо”). Барои расидан ба ҳадафи худ ҳам “сурхҳо” ва ҳам “сафедҳо” террорро истифода бурданд, ки дар натиҷа бештар мардуми бегуноҳ ранҷ кашид. Афзун бар ин, давлатҳои хориҷӣ низ дар ин ҷанг ширкат доштанд, ки мехостанд Русияро суст ва пора-пора кунанд. Лекин болшевикон тавонистанд дар ин ҷанг пирӯз шаванд ва сиёсати ягонаро дар Русия ҷорӣ кунанд. Кишвари наве, ки бештари қаламрави пешини Подшоҳии Русияро дар мегирифт, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сосиалистӣ (ИҶШС) ном гирифт. Умуман дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва инқилоб дар Русия: 25 млн аҳолӣ ба ҳалокат расид, истеҳсоли саноат 5 маротиба ва маҳсулоти кишоварзӣ низ 40% кам шуд.

Дар ин ҳолатҳои ногувор аз нав барқароркунии иқтисодиёти Русия оғоз гардид. Дар ин вақт бештар ба саноаткунонии мамлакат: саноати мошинасозӣ, металургӣ, ҳарбӣ, коркарди конҳо ва сохтмони стансияҳои электрикӣ маблағгузории Ҳукумати шӯравӣ сарф карда мешуд. Тараққиёти саноати вазнин зарари худро бештар ба саноати сабуку кишоварзӣ расонид. Ҳаёти одамони одӣ дар ин давра хело ҳам бад буд, сатҳи зиндагии аҳолии шӯравӣ паст буд нисбат ба дигар давлатҳо, маҳсулотҳои одӣ намерасиданд, мушкилоти ҷиддӣ, ки ин таъмини аҳолӣ бо маскан буд боқӣ монд.

Тақсимоти миллӣ-ҳудудии ИҶШС

Рӯзи таъсисёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС - СССР) 30 декабри соли 1922 мебошад.

Дар давоми мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС - СССР) се маротиба Конститутсияи ИҶШС қабул шудааст:

  • Конститутсияи ИҶШС — соли 1924
  • Конститутсияи ИҶШС — соли 1936
  • Конститутсияи ИҶШС — соли 1977

Сараввал, мувофиқи Шартнома оид ба таъсиси ИҶШС (30 декабри соли 1922), ба ҳайати ИҶШС ҷумҳуриҳои зерин ворид шуданд:

More information ҷумҳурӣ, масоҳат, ҳаз. км² ...
Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии ИҶШС
ҷумҳурӣ масоҳат,
ҳаз. км²
аҳолӣ,
ҳаз. наф. (1966)
аҳолӣ,
ҳаз. наф. (1989)
шумораи
шаҳрҳо
шумораи
шаҳракҳо
Маркази маъмурӣ
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федералӣ Русия 17075,41265611473869321786Москва
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина 601,04551651704370829Киев
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии белорусия 207,686331020074126Минск
ҶШС Ӯзбекистон 449,610581199063778Тошканд
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон 2715,1121291653862165Алмаато
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Гурҷистон 69,7454854494554Тбилиси
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Озарбойҷон 86,64660702945116Боку
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Литва 65,2298636909123Вилнюс
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Молдавия 33,7336843412029Кишинёв
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Латвия 63,7226226815435Рига
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Қирғизистон 198,5265242911532Бишкек
ҶШС Тоҷикистон 143,1257951121730Душанбе
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Арманистон 29,8219432832327Ереван
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркманистон 488,1191435341464Ашқобод
Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Эстония 45,1128515733324Таллин
СССР 22402,223186828671718323418Москва
Close

Масоҳати умумии ИҶШС августи соли 1991 22,4 млн км² ташкил мекард.

Инҷоро ҳам бингаред

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.