From Wikipedia, the free encyclopedia
Идора (ар. اداره — ба низом даровардан; роҳбарӣ ва роҳнамоӣ кардан) — шакли ташкилӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо ё шабакаҳо, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва корҳои давлатиро танзим мекунад; вазифаи низомҳои мураттаби хосиятҳояшон гуногун (биологӣ, иҷтимоӣ, техникӣ), ки сохтори муайяни онҳоро ҳифз ва амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳояшонро таъмин мекунад.
Шаклҳои идора: давлатӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, маҳаллӣ, ҳарбӣ, молиявӣ, фаврӣ, муваққатӣ, замин ва ғ. Аз нигоҳи маъмурӣ-ҳуқуқӣ идора ба навъҳои ҷамъиятӣ, мунисипалӣ ва давлатӣ тақсим мешавад. Идораи иҷтимоӣ фарогири иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои гуногуни давлатию иҷтимоӣ, аз қабили қавму қабила ва оила аст. Идора ҳамчун созмони ғайритиҷоратӣ барои амалигардонии вазифаҳои идорӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд гардида, пурра ё қисман сармоягузорӣ мешавад.
Идора аввалин бор ҳамчун сохтори институтсионалӣ дар асари Чарлз Пламер «Идораи Англия» (1885) истифода шудааст.
Ҳенри Файол (1841‒1925) вазифаҳои умумӣ (пешгӯйӣ, банақшагирӣ, ташкилӣ, маъмурӣ, таъминоти иттилоот, мутобиқсозӣ, танзим, назорат) ва якчанд асли идора (тақсими кор, обрӯ ва масъулият, ягонагии фармон ва роҳбарӣ, риояи мартабаҳо, марказонӣ ва ғайримарказонӣ, тартибот, баробарӣ, мукофотдиҳӣ, тобеият, адолат, ташаббус, ҳамрайъӣ ва ғайра)-ро муайян кардааст. идора ҷараёни доимиву мақсадноки таъсири субъект ба объект тавассути механизми муайян мебошад. Субъекти идора ашё, падидаҳо ва ҷараён (ҷараёни идорӣ), одамон (идора-и одамон) ва объекти он ҳамеша метавонад одам (оператор, маъмур, роҳбар ва ғайра) ё ташкилаи коллективӣ ‒ маъмурият (дирексия, роҳбарият, ҳайати фармондеҳон ва ғайра) бошад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.