From Wikipedia, the free encyclopedia
Абулқосим Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Хурдодбеҳ (форсӣ: أبو القاسم عُبید الله بن عبد الله اِبْن خُرْدادْبِهْ; тақрибан 820[1], Хуросон — тақрибан 912[1]) — гардишгар, ҷуғрофиёдон, мусиқидон, насабшинос ва муаррихи арабизабони форс-тоҷик, яке аз аввалин тарҷумонҳои «Ҷуғрофиё»-и олими Юнон Клавдиус Птолемей.
форсӣ: بوالقاسم عُبیدالله بن عبدالله اِبْن خُرْدادْبِهْ | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 820[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | тақрибан 912[1] |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | қавммусиқишиносӣ[d] ва ҷуғрофиё |
Алма-матер |
Аслаш аз мардуми Табаристон. Бобояш Хурдодбеҳ дар ибтидо зардуштӣ буд ва баъдан тавассути Бармакиён ислом овард. Падари ӯ Абдуллоҳ волии Табаристон (816-19) ва яке аз ҳомиёни аҳли илму адаб буд. Ибни Хурдодбеҳ дар назди донишмандони Бағдод, аз ҷумла мусиқидони машҳур Исҳоқи Мавасилӣ таълим гирифта, чанд муддат дар музофоти Ҷибол (дар шимолу ғарбии Эрон) ба вазифаи роҳбари почта (соҳибу-л-барид ва-л-хабар) таъйин шуд. Баъдан дар дарбори Восиқ Биллоҳ (841-46) роҳбари девони барид ва надими халифа Муътамид (870-92) буд. Солҳои охири ҳаёташро дар Бағдод гузаронд.
Аз маҷмӯи осори Ибни Хурдодбеҳ ба ҷуз аз «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик» ва «Китобу-л-лаҳв ва-л-малоҳӣ», асарҳои дигараш: «Китобу адаби-с-самоъ» (дар илми мусиқӣ), «Ҷамҳарату ансоби-л-фурс ва-н-навофил (ё навоқил)» (дар насабшиносӣ), «Ан-нудамо ва-л-ҷуласо» (дар одоби суҳбати дарборӣ), «Китобу-т-табих» (дар бораи таомпазӣ), «Китобу-ш-шароб», «Китобу-л-анвоъ», «Китобу-н-нуддом ва-л-ҷуласо», «Китобу-л-вузаро», «Китобу-л-ахбор» ва ғ. боқӣ намондаанд. Асари машҳури Ибни Хурдодбеҳ «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик» бо услуби «Сафарнома» ва адабиёти космографӣ (мисли «Аҷоиб») таълиф шуда (846-47), оид ба ҷуғрофиёи таърихӣ, шакли сатҳи Замин, унвони ҳокимони маҳаллии Шарқ, роҳҳои тиҷоратии корвонгузар ба шимол (аз Ироқ то Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон), ба ҷануб (аз Ироқ то Ҳиндустон), ба ғарб (то Византия ва Испания), ба ҷанубу ғарб (Бағдод, Макка, Мадина), роҳҳои тиҷорати баҳрии Ҳинд ва Чин, иншооти меъморӣ (аҳром, қасрҳо, дижҳо), кӯҳҳо, баҳрҳо ва ғ. маълумоти нодир дорад. Ибни Хурдодбеҳ роҳҳои тиҷоратиро аз Аврупо ба Ҳиндустону Хитой (ба воситаи канали Суэтс ва б. Сурх) ва роҳи тоҷирони русро (ба воситаи д-ҳои Дону Волга ва б. Хазар) ба Осиёи Марказӣ ва Эрон тасвир кардааст. Ибни Хурдодбеҳ яке аз аввалин намунаҳои назми порсии дарӣ дар васфи Самарқанд («Самарқанди кандманд, баз-инат кӣ афканд»)-ро зикр кардааст. Маълумоти ӯ оид ба аспҳои хутталӣ ҷанбаи асотирӣ дорад. Ибни Хурдодбеҳ дар густариши ҷуғрофиёнигорӣ таъсир гузоштааст: донишмандони баъдӣ, аз қабили Ибни Фақеҳ, Ибни Руста, Ҷайҳонӣ, Масъудӣ, Ибни Ҳавқал, Муқаддасӣ, Идрисӣ ва дигарон аз осори ӯ истифода бурдаанд. «Китобу-л-масолик ва-л-мамолик»-и Ибни Хурдодбеҳ дар Лейден (1889), Порис (1865), Маскав (1965), Боку (1986), Теҳрон (1993) тарҷума ва нашр шудааст. Асари дигари Ибни Хурдодбеҳ «Китобу-л-лаҳв ва-л-малоҳӣ» ба таърихи мусиқӣ ва шеъри форсӣ бахшида шуда, дар бораи созҳои мусиқӣ дар аҳди сосонӣ, аз ҷумла созҳои уд, танбӯр, най, сурнай, ҳафттор ва ғ. маълумоти муҳим дорад. Порчаҳои парокандаи ин асар дар маъхазҳои арабӣ боқӣ мондаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.