From Wikipedia, the free encyclopedia
Зистшиносии молекулӣ, биологияи молекулавӣ — яке аз фаслҳои зистшиносӣ, ки равандҳои дохилии ҳаётро таҳқиқ мекунад.
Зистшиносии молекулӣ чун соҳаи мустақили илм ибтитои солҳои 50 садаи XX дар натиҷаи пешрафти донишҳо оид ба сохту фаъолияти сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат ба вуҷуд омадааст. Мавзӯи таҳқиқи бистшиносии молекулӣ пайвастҳои молекулаашон калони кимиёӣ (макромолекулаҳо) мебошад. Калон будани вазни молекулавӣ (то садҳо млн далтон) боиси пайдоиши хосиятҳои наве мегардад, ки дар пайвастҳои молекулаашон хурд вуҷуд надоранд. Таҳқиқи муфассали макромолекулаҳо (хосиятҳои кимиёӣ ва физикавӣ, синтез, таҷзияи онҳо дар организм, вазифаи биологӣ ва ғайра) баъди муайян кардани сохти пайвастҳои гуногуни кимиёӣ, такмили усулҳои ҷудо ва тоза намудани онҳо (дар шакли булӯрӣ) имконпазир гашт. бистшиносии молекулӣ ба туфайли таҳқиқоти якҷояи олимони соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ рушд меёбад. Ба инкишофи бистшиносии молекулӣ кимиёи органикӣ, биокимиё, биофизика, генетика, ситология ва математика таъсири бевосита мерасонанд. Бо ҷидду ҷаҳди олимони соҳаҳои гуногуни илм масоили алоқамандии сохт ва табдили таркиби макромолекулаҳо ҳаллу фасл меёбанд. Ду навъи макромолекулаҳо (сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат) нисбатан маъмуланд. Сафедаҳо дар таркиби бофтаҳои зинда вуҷуд доранд. Онҳо амалиёти гуногуни биологиро иҷро мекунанд, мас., тезондани суръати вокунишҳои гуногуни биологӣ, интиқоли моддаҳои муҳим (мас., оксигенро ба тавассути ҷараёни хун ба бофтаҳои организм бурда мерасонанд), кашишхӯрӣ (мас., сафедаҳои мушак) ва ғ. Кислотаҳои нуклеат ҳомили ахбори ирсӣ мебошанд. Таҳқиқи онҳо имкон медиҳад, ки қонунҳои ирсият, тарзи интиқоли ахбори ирсӣ, инчунин сабаби пайдоиши бемориҳои модарзодӣ ошкор карда шаванд.
Зистшиносии молекулӣ ҳамчун фанни мустақил дар бисёр мактабҳои олӣ таълим дода мешавад. Дар донишкадаю донишгоҳ ва пажӯҳишгоҳҳо озмоишгоҳҳои бистшиносии молекулӣ фаъолият мекунанд. Соли 1972 дар Институти физиология ва биофизикаи рустании АИ Тоҷикистон (ҳозира Институти ботаника, физиология ва биофизикаи рустаниҳо) озмоишгоҳи бистшиносии молекулии хлоропластҳо ташкил шуд. Кормандони озмоишгоҳ оид ба биосинтези сафеда ва кислотаҳои нуклеат, ҳамчунин аҳаммияти онҳо дар шаклгирӣ ва вазифаи хлоропластҳо пажӯҳишҳои назаррас анҷом доданд. Дар озмоишгоҳ ферменте, ки CO2-ро ҳангоми фотосинтез ассимилятсия мекунад, ошкор карда шуд. Баъзе масъалаҳои бистшиносии молекулӣ дар озмоишгоҳҳои биология ва кимиёи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино низ ҳаллу фасл меёбанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.